Сохтор

 

Айни замон дар сохтори факултет 4 кафедраҳо- Кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ (СТИ), Кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии компютерӣ (БМК), Кафедраи математикаи олӣ ва информатика (МОИ) ва Кафедраи фанҳои гуманитарӣ (КГ) фаъолият мекунанд. Кафедраҳои тахассусӣ – Кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ (барои ихтисосҳои 1-25011014, 1-40010104 ва 1-40010202) ва Кафедраи барномасозӣ ва муҳандисии компютерӣ (барои ихтисосҳои 1-40010107 ва 1-40010108) муқаррар гаштаанд

Мудири кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ номзади илмҳои техникӣ, мутахассиси соҳаи ҳифзи иттилоот, полковники истеъфоии милиса Ғафуров Миршафӣ Ҳомитович, ки солҳои қаблӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият намудааст, мебошад. Дотсент Ғафуров М.Ҳ. муаллифи зиёда аз 100 корҳои илмию методӣ, 15 шаҳодатномаҳои муаллифӣ ва ихтироот (патентҳо), аълочии соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аълочии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҳти роҳбарии Ғафуров М.Ҳ.  лоиҳаи буҷетии илмию тадқиқотӣ дар мавзӯи “Таъминоти иттилоотии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ мегардад.

Дар кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Усмонов Зафар Ҷураевич фаъолият мекунад, ки таҳти роҳбарии он дар факултет мактаби илмии “Моделонии равандҳои лигвистикии забони тоҷикӣ” амал менамояд. Таҳти роҳбарии академик Усмонов З.Ҷ. инчунин корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи моделонии идораи захираҳои обии дарёҳои сарҳадии Осиёи Марказӣ баргузор мегарданд.

Кафедраи тахассусии барномасозӣ ва муҳандисии компютериро номзади илмҳои физикаю математика, мутахассиси соҳаи математикаи амалӣ ва барномасозӣ Турсунов Раҳматулло Ҷалолович роҳбарӣ мекунад. Дар назди кафедра семинари илмии “Метод ва моделҳои математикии равандҳои иҷтисодию иҷтимоӣ” таҳти сарварии номзади илмҳои физикаю математика, доктори илмҳои иқтисодӣ Ашуров Субҳон Бурҳонович амал мекунад. Ҳайати профессорону омузгорони кафедра корҳои илмию тадқиқотиро дар самтҳои мухталифи моделонии математикӣ ва барномарезии масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ пеш мебаранд. Як қатор омузгорони ҷавони ин кафедра дар марказҳои илмию таълимии Аврупо ва Осиё баронмаҳои таълимии магистриро хатм ва таҷрибаомузӣ кардаанд.

Мудирии кафедраи математикаи олӣ ва информатикаро олимаи ҷавон, номзади илмҳои физикаю математика Озодбекова Наҷмия Бекназаровна дар уҳда дорад. Профессорон ва омузгорони кафедра дарсҳоро ба донишҷӯён бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мегузаранд. Олимони кафедра корҳои илмию тадқиқотиро дар самтҳои назарияи ададҳо, назарияи наздиккунӣ, муодилаҳои дифференсиалӣ ва татбиқи онҳо дар масъалаҳои механикӣ ва иқтисодӣ пеш мебаранд.

Кафедраи фанҳои гуманитариро номзади илмҳои фалсафа Шарифов Исомуддин Умарович роҳбарӣ мекунад. Дар ин кафедра олимони варзидаи кишвар профессор Восиев Қ.В., Хоҷамуродов О.Х ва дигар олимони ҷавон фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва таълимиро пеш мебаранд.