Деканат

 

ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТ

Ашуров С.Б.

номзади илмҳои физикаю математика, доктори илмҳои иқтисодӣ.
Соли 1978 факултети Механикию математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо дипломи аъло хатм намуда, дар асоси роҳхат дар Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии математика бо маркази ҳисоббарории Академияи илмҳои ҶСС Тоҷикистон ба ҳайси лаборанти калон ба кор оғоз намудааст. Соли 1981 барои таҷрибаомўзӣ   ба   Пажўҳишгоҳи   илмию   тадқиқотии    математикаи Академияи илмҳои ҶСС Украина равона мегардад. Солҳои 1983-1985 дар шўъбаи рўзонаи аспирантураи ин пажўҳишгоҳ таҳсил намуда, соли 1987 рисолаи номзадиро дар мавзўъи “Эквивалентность, минимальность и полнота части корневых векторов полиномиальных пучков операторов” дар ҳамин пажўҳишгоҳ ҳимоя менамояд ва ба кор боз ба  Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии математика бо маркази ҳисоббарории Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ба ҳайси корманди илмӣ бармегардад.

Соли 1990 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба вазифаи мудири кафедра даъват мегардад. Сипас, тайи солҳои 1991-1995 дар ин донишгоҳ дар ҳайси вазифаҳои декани факултет, директори филиали ҳамин донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд, проректор оид ба илм ва проректор оид ба таълим фаъолият намудааст. Соли 1995 ба шўъбаи рўзонаи докторантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил мешавад.

Соли 1997 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайин мешавад ва соли 2003 аз ин вазифа ба вазифаи муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Исфара тайин мешавад, ки дар ин вазифа то соли 2012 фаъолият бурдааст.

Соли 2012 рисолаи докториро дар мавзўъи “Формирование и регулирование рынка труда в трудоизбыточном регионе: теория методоогия ипрактика” ҳимоя намуда, айни замон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳайси декани факултети технологияҳои иттилоотии соҳавӣ адои вазифа менамояд.

Соли 1990 барои дастовардҳои илмӣ дар соҳаи математикаи назариявӣ бо ҷоизаи Кумитаи марказии Иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони Тоҷикистон сарфароз мегардад. Дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоли Сомонӣ барои олимони ҷавони Тоҷикистон (2001с.), ки бо фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, мебошад. Барои хизматҳои шоёни давлатӣ соли 2001 бо фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Аълочии соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қумҳурии Тоҷикистон мебошад

Тайи ин солҳо ба вазифаҳои ҷамъиятии аъзои бюрои Кумитаи марказии Иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони Тоҷикистон (солҳои 1989-1991), вакили халқи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе (солҳои 1994-1999), раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (солҳои 1910-1012) интихоб гардидааст.

Муаллифи 7 китоб ва зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ дар соҳаҳои математикаи назариявӣ, сиёсати давлатии ҷавонон ва иқтисод мебошад.

Ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ

  • Соли 1990 барои дастовардҳои илмӣ дар соҳаи математикаи назариявӣ бо ҷоизаи Кумитаи марказии Иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони Тоҷикистон сарфароз мегардад.
  • Дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоли Сомонӣ барои олимони ҷавони Тоҷикистон (2001 с.), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, мебошад..
  • Барои хизматҳои шоёни давлатӣ соли 2001 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
 

Кабутов  Қудратулло  Раҳматуллоевич

МУОВИНИ ДЕКАН ОИД БА КОРҲОИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ

 

Кабиров  Фирдавс  Одилшоевич

МУОВИНИ ДЕКАН ОИД БА КОРҲОИ ТАРБИЯ