Таърих

Таърихи факултет аз сентябри соли 1998 дар иртибот ба он ки донишгоҳ ба омода намудани мутахассисон аз руи ихтисоси 220400 – “Таъминоти барномавии техникаҳои ҳисоббарор ва низоми автоматонидашуда” оғоз намуд, ибтидо мегирад.

Бо дарназардошти талабот ба муҳандисон-систематехникҳо оид ба барномарезӣ сентябри соли 2000 дар сохтори донишгоҳ факултети информатикаи индустриалӣ таъсис дода шуд, ки баъдан соли 2002 ба факултети технологияҳои иттилоотию иртиботӣ табдил  дода шуд.

Аз рузи таъсисдиҳӣ то сентябри соли 2004 вазифаи декани факултетро н.и.ф.-м., дотсент Юсупов Мирзо Чулиевич иҷро намудааст.

Сентябри соли 2007 дар сохтори донишгоҳ факултети дигар бо номи “Факултети низом ва технологияҳои иттилоотӣ” таъсис дода шуд, ки декании он ба зиммаи Юсупов М.Ч. гузошта шуд.

Дар ин давра ин факултетҳоро Низомов А.А., Исмоилов М.А., Турсунов Р.Ҷ., Назаров Р.С., Мирзоахмедов Ф.М. ва Кимсанов У.О. роҳбарӣ кардаанд.

Сентябри соли 2013 бо ҳадафи истифодаи босамари заминаҳои таълимӣ ва кадрии донишгоҳ ин ду факултетҳо якҷоя карда шуда, дар натиҷа факултети технологияҳои иттилоотии соҳавӣ (ФТИС) таъсис дода шуд.

Айни ҳол факултети технологияҳои иттилоотии соҳавӣ таҳти роҳбарии номзади илмҳои физикаю математика, доктори илмҳои иқтисодӣ Ашуров Субҳон Бурҳонович фаъолтят мебарад.