Корҳои тарбиявӣ

Дар факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ дар баробари корҳои таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотӣ ҳамчунин бахши тарбиявӣ ҳам фаъол мебошад. Шӯрои кураторон таҳти сарварии муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Асомуддини Абдулмумин амал мекунад, ки дар он 19 куратор аъзо буда, ҳар моҳ ду маротиба фаъолияти кураторон дар ҷаласаҳои шӯро муҳокима мегардад.

Гурӯҳҳои академӣ таҳти сарварии кураторон дар чорабиниҳои тарғиботию тарбиявии Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, ҳамзамон дар шанбегиҳои умумидонишгоҳӣ фаъолияти хуб нишон медиҳанд.

Бахши тарбиявии факултет бо ҳамкорӣ бо Департаменти тарбия намоишҳои театрӣ ва саёҳат ба ёдгориҳои таърихӣ – кишваршиносӣ ташкил намуда, бо ин васила дар болоравии ҳисси худшиносию Ватандӯстии донишҷӯён саҳмгузорӣ менамоянд. Ба воситаи дарсҳои тарбиявӣ кураторон донишҷуёни Донишгоҳро дар рӯҳияи худшиносию ватандустию ҳурмату эҳтироми ҳамдигар тарбия менамоянд. Ҳар як куратор бо гуруҳи худ дарси кудшод дар мавзуъҳои гуногун мегузаронанд, ки ин боиси  беҳбудии кор ва хуб шудани донишу одоби донишҷуён  мебошад.

Бо супориши деканат ва саҳми бевоситаи бахши тарбиявии факултет санҷиши марҳилавӣ дар дарсҳои кураторӣ баррасӣ шуда, натиҷаи он ба волидайни донишҷӯён расонида мешавад.

Дарси кушоди тарбиявии  номзади илмҳои фалсафа, дотсент Шарифов И.У. дар мавзўи «ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ВА    ИФТИХОРИ  ВАТАНДОРӢ»  бо иштироки донишҷўёни курсҳои якуми гурўҳои академии 1-0801010701р 1-45010301р.

Иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар Амфитеатри ш. Душанбе.

Иштироки донишҷӯён дар машқи пагоҳирўзи дар назди Шаршараи Наврўзгоҳ бахшида ба ҷашни Парчами Миллӣ. Донишҷӯёни курси якум.