Ихтисосҳо

Имрӯз факултет омодасозии мутахассисони соҳаи телекоммуникатсия, менеҷменти энергетикӣ, таълимоти касбӣ ва кормандони техникии ширкатҳои мобилиро аз рӯи 6 ихтисос ба роҳ мондааст. Факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ ҳамчун зерсохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рўи ихтисосҳои  дар тайёр намудани мутахассисон саҳмгузорӣ менамояд:

 1-0801010701 – Таълимоти касбӣ(информатика). Система ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, системаҳои мобилӣ, алоқаи маҳворавӣ ва радиотехника;

1-0801010702 – Таълимоти касбӣ (информатика). Дизайни компютерӣ, технологияҳои интернет ва мултимедия;

1-0801011001 – Таълимоти касбӣ (дизайн). Тарҳрезии услуби инсон ва муҳити зист;

1-0801011101 – Таълимоти касбӣ (саноати сабук). Технологияи саноати нассоҷӣ ва саноати сабук;

1-43010601 – Технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ;

1-45010301 – Шабакаҳои телекоммуникатсионӣ фаъолият менамояд.

Дар тӯли 6 соли мавҷудияти худ факултетро мутахассисони аввалин аз рӯи ихтисоси 1-45010301- Технологияҳои телекоммуникатсионӣ хатм намуда, барои кор ба соҳаҳои гуногуни кишвар фиристода шуданд.