Куратор Ғафурова Г.Ҷ. бо донишҷӯёни бахши 3юми ихтисоси 1-19010105т дар бинои 3/203 машгулияти кори кураторӣ гузаронид. Суҳбат дар мавзуи “Сахми мо ҷавонон бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”.
Семинар оиди ихтирокорию навоварӣ, ки санаи 15.11. 2017 дар “МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ПАТЕНТУ ИТТИЛООТ» баргузор гардид, ки дар онҷо донишҷӯёни гурӯҳи факултет фаъолона иштирок намуданд.
Бахшида ба “Рӯзи Президент”, санаи 14.11.2016, соати 13:30 намуди бозиҳои варзишӣ байни факултетҳои донишгоҳ гузаронида шуд. Факултети мазкур бо номи дастаи “Дизайн” бо факултети менеҷменти байналмилалӣ ва инвеститсионӣ бо номи дастаи “Санам” валейбол, футбол бозӣ намуданд.
Санаи 13.12 2017 дар театри драмавии “Опера балет” ба номи Садриддин Айнӣ намоиши “Қишлоқи тиллоӣ” соати 15:30 баргузор гардид, ки дар он ҷо донишҷӯёни гурӯҳҳои факултет дастаҷамъона 1-50010105, 1-1900101, 1-500102, 1-50010101,1-50010101 иштирок намуданд.
Санаи 17.11.2017 дар донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар рушди инноватсионии Ҷумҳури Тоҷикистон” гузашт, дар чорабинии номбурда донишҷӯёни фаъоли факултет иштирок намуданд.
Санаи 17.12.2017 намоиши дастовардҳои рассомон ва ҳунармандони Ҷумхурии Тоҷикистон дар Маркази Исмоилия баргузор шуда буд, дар чорабинии номбурда низ омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет фаъолона ширкат варзиданд.