Таърих

Факултети  технология ва дизайн ftd.tut.tj собиқ факултети саноати сабук, соли 1990 дар як вақт бо таъсис ёфтани донишгоҳ (он вақт Коллеҷи олии технологии Тоxикистон) ташкил шудааст. Баъдан он дар ҳайати факултети муҳандисӣ – технологӣ фаъолият мебурд.  Бо фармони ректор №69 аз 5.09.2003 с. аз нав ба сохтори мустақили донишгоҳ табдил дода шуд. Аз 01 сентябри соли 2007 факултети стандартизатсия, технология ва дизайн ва аз 01 сентябри соли 2009  факултети технология ва дизайн ном гирифт.
Аз 01 феврали соли 2014 то инҷониб сарварии факултетро мутахассиси соҳаи коркарди маснуоти нассоҷӣ ва ашё, доктори илмҳои техникӣ, профессор Иброҳимов Холназар Исломович ба уҳда дорад. Дар ҷадвали 1 таърихи деканоне, ки то кунун факултетро роҳбарӣ менамоянд оварда шудааст.