Маркази технологияҳои копютерӣ ва таълимӣ

Марказ бо соҳиб гардидан ба гранти молиявии UNDP  1-уми ноябри соли 1999 таъсис ёфтааст. Дар тули фаъолити худ марказ дар самти ташакули технологияҳои иттилооти комуникатсионии донишгоҳ дар равандаи таълим ва идоракунӣ саҳми назарас дорад. Махсусан марказ  барои тарҳрезӣ ва таҳия намудани барномаҳои автоматикунонидашудаи компютерӣ дар самти иттилоотикунонии раванди таълим  саҳми хеле каллон гузоштааст. Бо ҳамин мақсад дар назди марказ сектори танзими техникӣ, сектори таъминоти барномавӣ, сектори хизматрасонии шабакаҳои компютерӣ ва интернет ва секторҳою озмоишгоҳҳо дигар таъсис дода шудаанд, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии марказ мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин марказ вазифаҳои зеринро ба уҳда дорад:

  • Таъмин намудани воситаҳои техологияҳои иттилоотӣ барои тамоми сохторҳои таркибии донишгоҳ дар вобастагӣ бо зарурияти корӣ;
  • Аз ташхиси даврии техникӣ гузаронидани воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
  • Иҷро намудани таъмири ҷории воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
  • Таъмини барномавии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
  • Аз худ намудан ва ҷорӣ кардани технологияҳои навини иттилоотӣ дар раванди таълим;
  • Таъмин намудани ҳолати кории шабакаи умумидонишгоҳӣ ва шабакаи Интернет;
  • Ташкил намудани тренинг ва семинарҳо оид ба омӯзиши кор бо воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ намудани технологияҳо ва барномаҳои навин;
  • Пешниҳод намудани хизматрасониҳои техникаи иттилоотӣ;
  • Таъмин намудани бехатарии иттилоотӣ;
  • Ташкил ва таъмин намудани кори системаи назорати видеоӣ дар ҳудуди  донишгоҳ;
  • Ташкил ва батанзимдарории курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзии касбӣ;
  • Ҳамоҳангсозии фаъолияти академияи шабакавии Cisco-и назди донишгоҳ бо дигар сохторҳо;

Сохтори идоравии марказ

  •  сектори танзими техникӣ
  •  сектори таъминоти барномавӣ
  •  сектори хизматрасонии шабакаҳои компютерӣ ва интернет
  •  сектори барномаҳои таълимӣ -сертификатсионӣ
  •  озмоишгоҳи таъминоти барномавии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ
  •  озмоишгоҳи бандубасти воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ
  •  шуъбаи табу нашр
  •  академияи шабакавии «CISCO»
  •  маркази барномасозии «SoftLab»
  •  озмоишгоҳи шабакаҳои МЭҲ ва Т
  •  озмоишгоҳи инноватсионӣ
  •  озмоишгоҳи муҳандисии компютерӣ ва барномавӣ

Дастовардҳо

Дастовардҳои марказ дар самти  ҷиҳозонидани раванди таълим бо технологияҳои мултимедӣ  ва воситаҳои дигари муосири  таълими саҳми хеле калон дорад.

  •  57 синфхонаҳои махсусгардонидашудаи бо технологияиҳои мултимедӣ
  •  24 синфхонаи компютерӣ;
  •   таъсиси Маркази конструкторони ҷавон «Мехатроника ва робототехника»
  •   маркази барномасозони ҷавон «SoftLab»;
  •   азнавсозии сайти донишгоҳ бо тарҳи нави замонавӣ;
  •   таъсиси шуъбаи барномаҳои телевизионии таълимии ТВ-ТУТ;
  •   ташкил ва ба кор андохтани «Маркази таҳсилоти фосилавӣ»;
  •   сохтани амсилаи таҷрибавии электромобили тамғаи «TojVar»;
  •   автоматикунонии дастгоҳи қадимаи коркарди маҳсулоти ширӣ- «дуғкашак»;
  •   тарҳрезӣ ва таҳияи луғати компютерии бисёрамалаи тафсирию соҳавии «Калима»;
  •   барномаи автоматикунонидаи қабули имтиҳонҳо ба тариқи тестӣ;
  •   компютери «TUTcomp»;
  •   барномаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии амволи воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
  •   барномаи  автоматикунонидашудаи фаъолияти китобхонаи Донишгоҳи технологи Тоҷикистон;
  •   барномаи автоматикунонидашудаи шуъбаи коргузорӣ ва кадрҳои Донишгоҳи технологи Тоҷикистон;
  •   барномаи автоматикунонидашудаи батанзимдарории дархостҳои сохторҳои донишгоҳ оид ба иҷрои хизматрасониҳо;
  •   барномаи автоматикунонидашудаи курсҳои таълими сертификатсионӣ ва курсҳои тайёрии назди Донишгоҳи технологи Тоҷикистон;
  •   ба сертификатҳои байналмилалӣ соҳиб гардидани зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни академаҳаллии «Сisco»-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

ҲАМКОРИҲО

Ассотсиатсияи ТАРЕНА

Марказ бо Ассотсиатсияи ТАРЕНА ҳамкориҳои худро дар ду самт ба роҳ мондааст:

  1. Дар самти таъмин намудани хизматрасониҳои шабакаи Интернет, ки Ассотсиатсияи ТАРЕНА ба мо суръати мубодилаи ахборотии  25  Мб/с-ро таъмин менамояд.
  2. Дар самти тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи ТИК , ки мунтазам кормандони марказ дар семинару тренингҳои аз ҷониби ин ассотсиатсия гузарондашуда фаъолона ширкат варзида, маҳорат ва малакаи касбии худро сайқал медиҳанд.

 Ташкилоти “EPOS” 

Дар доираи ҳамкориҳо бо Ташкилоти “EPOS”  Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ маҷмӯи хизматрасониҳои таълимиро оид ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои компютерии оморчиёни соҳаи тандурустӣ амалӣ менамояд.

Академияи шабакавии Cisco

Дар асоси ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Академияи шабакавии Cisco дар назди донишгоҳ моҳи майи соли 2012 Академияи маҳаллии Cisco таъсис дода шуд. Айни замон 12 нафар инструкторон баъд аз хатми курсҳои Академияи Cisco соҳиби Сертификатҳои байналмилалӣ гаштанд ва барои пеш бурдани машғулиятҳо сафарбар карда шудаанд. Шумораи умумии хатмкунандагони дараҷаи IT Essentials зиёда аз 60 нафарро ташкил медиҳад. Дар айни ҳол барои соҳиб гардидан ба Сертификатҳои байналмилалии дараҷаи IT Essentials зиёда аз 100 нафар шунавандагон ва 10 нафар шунавандагон барои дараҷаи CCNA ба машғулиятҳо фаро гирифта шудаанд.http://cisco.tut.tj/

Сектори барномаҳои таълимӣ -сертификатсионӣ

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон курсҳои таълимӣ -сертификатсионӣ дар ҷаласаи Шӯрои Олимони ДТТ таҳти №3 аз 22-юми октябри соли 2013 тасдиқ карда шуда ва ба фаъолияти кори шурӯъ намудааст. Дар марказ Низомнома оиди курсҳои (хизматрасониҳои) муздноки таълимӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (минбаъд – ДТТ) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда ва Оинномаи ДТТ таҳия карда шудааст. То ин вакт дар марказ зиёда аз 465 нафар донишҷӯён ва шахсони беруна дар ин курсҳо омӯзиш намудан ва соҳиби сертификатҳои ДТТ гардидаанд. Баҳисобгирии бухғалтери  241 нафар,технологияи  иттилооти ва барномасози -19н,асосҳои кор бо воситаҳои техники-11,таҳрези духти либос-39н,з-хитой-23н,муҳосиботи хурди комуникационии -106н, з-англисӣ-17н,барномасозӣ С#-8н, фаъолияти бонкӣ-21н, CISCO-12н. Ҳамаги  дар курсҳои (хизматрасониҳои) муздноки таълимӣ  аз соли 2014то 2016 -105235сомони маблағ супориданд. Ҳоло дар марказ зиёда аз 32 нафар донишҷӯи хонада  истодаанд,11н –дар курси СISCO ва 21н-дар курси Баҳисобгирии бухгалтерӣ. Мақсади асосии ин марказ ҷалб кардани донишҷуён дар роҳи пешрафти илму техникаи муосир мебошад.

Ба донишҷӯён дар марказ истифодаи озоди компютер ва интернет барои равон кардан ва сохтани презентацияҳо байни ҳамдигар иҷозат дода шудааст. Низомномаи мазкур тартиб, намуди хизматрасонӣ ва гузаронидани курсҳои (хизматрасониҳои) муздноки таълимиро дар ДТТ ба дигар шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ муайян менамояд.

Нақшаҳои дурнамо:

  • таҳия ва тадбиқи Ҳукумати эллектронии донишгоҳ;
  • ҷори намудани автоматикунонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолӣ дар озмоишгоҳҳои самти технологияҳои коркарди маҳсулоти саноатӣ;
  • ташкили озмоишгоҳҳои шабакаҳои алоқа ва тақсимоти иттилоот,  озмоишгоҳи бехатарии иттилоотӣ ва таъсис додани озмоишгоҳи технологияҳои шабакавии МЭҲ;
  • ташкил намудани минтақаи озоди дастрасӣ  ба шабакаи Интернет ба тариқи WI-FI “зелёная зона” дар ҳудуди донишгоҳ;
  • ташкил намудани мини-типография барои ниёзҳои дохилии раванди таълим;
  • ташкил намудани озмоишгоҳи системаҳои автоматикунонидашудаи лоиҳакашӣ  барои донишҷӯёни самти технологияҳои хӯрока ва саноати сабук;
  • дастрас намудани таъминоти барномавии литсензионӣ барои воситаҳои технологияҳои иттлоотӣ;
  • дастрас намудани таъминоти барномавии литсензионии таъиноти махсусдошта барои озмоишгоҳҳои фаннӣ;
  • васеъгардонии системаи назорати видеоии дохилидонишгоҳӣ;
  • ташкили курсҳои бозомӯзии касбии пулакӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон;
  • таҳия ва тарҳрезии моделҳои озмоишии овезаҳои иттилоотии электронӣ;
  • таҳияи платформаи электронии донишгоҳ;

Лоиҳаҳои инноватсионии байналмилалӣ

Марказ дар амалӣ намудани лоиҳаи HEICA «Ташаббуси таҳсилоти олӣ дар соҳаи информатика дар Осёи Марказӣ»-и барномаи TEMPUS (аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад) фаъолона ширкат намуда, аз ҳисоби лоиҳа озмоишгоҳи тахассусии «муҳандисии компютерӣ ва барномавӣ» бо теъдоди 20- адад компютерҳо, 1-адад сервер, 2 адад принтерҳо, 1 адад проектор,  30 –адад программаторҳо, таҷҳизоти гуногуни шабакавӣ ва теъдоди 78- адад китобҳои тахассусӣ  дар марказ побарҷо намуд.

Лоиҳаи дигаре, ки дар айни замон марказ дар амалӣ намудани он фаъолона иштирок варзида  истодааст, лоиҳаи eINTERASIA «Интиқоли натиҷаи тадқиқотҳои давлатҳои Аврупо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои мутобиқгардонӣ ва истифодабарӣ дар Осиёи Марказӣ»-и барномаи Sp7 (аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад) мебошад. Дар доираи амалӣ намудани он дар назар дошта шудааст, ки аз ҳисоби маблағгузориҳои ин лоиҳа дар донишгоҳ “SHOUROM” – намоишхонаи дастовардҳои илмию амалӣ ва зеҳнии донишҷуёну омӯзгорон дар самти ТИК, муҷаҳҳазбо технологоияҳои муосири иттилоотии таблиғӣ ташкил карда шуда, дастовардҳо  ба маррази намоиш гузошта мешаванд.

Маҳфили эҷодии баномасозони ҷавон “Softlab” ва Маҳфили мехатроника ва робототехника

Ҷиҳати ба ҷараёни пешрафти илму техника ворид намудани ҷавонони донишҷӯ ва аз дастовардҳои навтарини илм ва технологияи иттилоотӣ бархурдор гардонидани онҳо дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тадбирҳои зиёде андешида шуд. Аз ҷумла дар самти ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмию тадқиқотӣ, эҷодиёти техникӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, навовариҳо ва ихтироотҳо корҳои назаррасе ба сомон расонида шуд. Маҳз дар ҳамин самт Маркази сайқали маҳорати касбии донишҷӯён ва дастгирии иқдоми донишҷӯён, Озмуни беҳтарин лоиҳаҳои инноватисонии донишҷӯён, маҳфилҳои фаннию тахассусӣ дар назди ҳар як кафедра вобаста аз самти фаъолият таъсис дода шуданд.

Дар ҳамин радиф, бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ба фазои техника ва технологияи  муосир, марказ ва маҳфилҳои махсуси зерин дар назди Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ таъсис дода шуданд:

Маҳфили мехатроника ва робототехника – фароҳам овардани шароити  мусоид дар пешрафти тафаккур ва эҷодиёти техникии донишҷӯён, тарғиб намудани техника ва технолгияҳои муосири ҷаҳонӣ дар байни донишҷӯён, ташкил намудани шароити созгор барои эҷодиёти техникии донишҷӯён, ҷорӣ намудани машғулиятҳо амалӣ оид ба техника ва технологгияҳои муосир барои донишҷӯёни ҳавасманд ва болаёқат, гузаронидани нишастҳои иттилоотӣ оид ба бархурдор намудани донишҷӯён ба навигариҳои илму техникаи ҷаҳонӣ, ташкил намудани мубоҳисаҳои тахассуси оид ба бархурд ва омезиши технологияҳои гуногун.

Маҳфили эҷодии баномасозони ҷавон “Softlab – ҷалб намудани донишҷӯёни болаёқат ба таҳрезӣ ва амалӣ намудани барномаҳои гуногуни компютерии соҳавӣ,  ташкили фазои эҷодӣ барои барномасозони ҷавон ва хоҳишмандон, ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ оиди интегронидани имкониятҳои барномавии компютер бо истеҳсолот ва техника, тарғиби барномаҳои муосири компютерӣ дар байни ҷавонон ва донишҷӯён. 

Маҳфили эҷодии графикачиёни компютерӣ WEB & Grafics – ҷалб намудани донишҷӯёни болаёқат ба таҳрезии компютерии лоиҳаҳои техникӣ,  сохтмонӣ, бадеӣ, ландшафтӣ, фазоӣ ва дигар амсилаҳо бо истифода аз барномаҳои муосири графикии компютерӣ. Бандубастсозии компютерии аскҳо, наворҳо ва тарҳрезии объектҳои аниматсионӣ. Тарҳрезӣ ва ороиши бадеии нишонаҳо, логотипҳо ва дигар маводҳои ба ороиши графики вобастагидошта, тарҳрези ва сохтани сайтхои иттилоотӣ,  ташкили фазои эҷодӣ барои донишҷӯёни ба графикаи компютерӣ таваҷҷуҳдошта, ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ оиди интегронидани имкониятҳои графикии барномаҳои компютерӣ бо истеҳсолот ва техника, тарғиби барномаҳои муосири графикии компютерӣ дар байни ҷавонон ва донишҷӯён. 

Телевизиони маҳаллии дохилидонишгоҳӣ (ТВТУТ) – Ҳамчун маркази ягонаи иттилоотӣ барои ҳамарӯзи бо итттилооти навини илмию техникӣ ва маданию фароғатӣ таъмин намудани донишҷӯёну устодони донишгоҳ чи дар раванди дарс ва чи фориғ аз он хизмат мекунад. Дар доираи барномаҳои он ташкил ва гузаронидани барномаҳои махсус оид ба дастовардҳои навини ҷаҳонии илму техника ва технологияҳои иттилоотдар назар дошта шудааст.