Таърих

Сентябри соли 1990 дар Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) кафедраи Кимиё таъсис ёфт, ки он барои тайёр намудани мутахассисони  соҳаи саноати хӯрокворӣ равона карда шуда буд. Соли 1991 бо мақсади ташкил додани кафедраи тахассуси тағйиротҳои сохтори гузаронида шуд, ки дар он кафедраи Кимиё ба ду кафедра: «Кимиё» ва «Технологияи саноати хӯрокворӣ» тақсим карда шуд.

Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 05.12. 1996с. ва фармони ректор таҳти № 250/ОХ аз 25.12.1996с. – Департаменти илм ва технологияи маводи хӯрока(раиси Департамент н.и.б., дотсент Бобоҷонова Х.И. таъин шуд) таъсис ёфт, ки ба он кафедраҳои навтаъсиси «Кимиё ва Биокимиё» (мудири кафедра н.и.б., дотсент Бобоҷонова Х.И. таъин шуд)   ва  «Технологияи саноати хурокворӣ»(мудири кафедра н.и.к., дотсент Юсупов Ш.Т. таъин шуд) шомил гашт.

Факултети Муҳандисӣ-технологӣ бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 05. 09. 2003с. таъсис ёфт ва декани факултет номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ҳакимов Ғ.Қ. таъин шуд. Номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент Қурбонов Ф.Б. аз ноябри соли 2009 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи декан ва аз 01.01.2010 декани факултет таъин гардид.