Шогурезов Худоёр

Сардори МБНКТ

тел: (+992) – 919750783 

E-mail:khudoer@mail.ru

Маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот зерсохтори идораи таълимӣ-методӣ ба ҳисоб рафта, пеш аз ҳама тавассути таҳияи барномаҳои компютерӣ автоматикунонии раванди ҷараёни таълимро ба ӯҳда дорад. Дар раванди фаъолияти худ барномаҳои таҳияшударо бо барнома ва стандартҳои давлатии таҳсилот вобаста аз талаботи тахассусӣ ва азхуд намудани барномаи таълимии фанҳо, ки аз тарафи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, чун манбаи асосӣ қарор медиҳад.

  • Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии тайёр намудани мутахассисон, ММБНКТ дар таҳия ва ба амал ҷорӣ намудани автоматикунонии паҳлӯҳои гуногуни консепсияи ҳамоҳангсозии зинавии гирифтани донишҳои касбиро дар асоси низоми кредитӣ ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда амалӣ намуда, барои баррасии маълумот ба донишҷӯён, омӯзгорон, мудири кафедраҳо ва декани факултетҳо ва маъмурияту волидайни донишҷӯён шароити мусоид фароҳам меоварад.

  • ММБНКТ дар ҳамкорӣ бо факултетҳои донишгоҳ барои ба система ворид намудани маълумоти шахсии ҳар як донишҷӯ, дастовардҳои донишҷӯён аз рейтингҳо ва имтиҳони ниҳоӣ, таҳияи ҳисоботҳои мухталиф ва баррасии он ба садорати донишгоҳ ва факултетҳо, ҳисоби GPA(холи миёнаи умумӣ), таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дигар амалҳое, ки барои пешрафти ҷараёни таълим мусоидат мекунанд, амалӣ менамояд.

  • ММБНКТ татбиқи низоми кредитии таҳсилотро дар донишгоҳ ҳамаҷониба таъмин намуда ӯҳдадор аст, ки ба омӯзгорон ва донишҷӯён хусусиятҳои фарқкунандаи онро нисбат ба низоми таҳсилоти анъанавӣ тариқи гузаронидани семинар – машваратҳо баррасӣ намояд.

  • ММБНКТ дар асоси тақвими академии донишгоҳ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар муҳлатҳои муқарраргардида ташкил намудани рейтинҳо, имтиҳон ва триместр бо мувофиқа бо деканати факултетҳо роҳандозӣ месозад.

  • ММБНКТ дар асоси тақвими академӣ тамоми корҳое, ки ба раванди ҷараёни таълим ва назорати сифати таҳсилот вобастаанд дар мувофиқа бо садорати идораи таълимӣ –методӣ ба роҳ мемонад. Дар ин раванд бо назардошти фармоишҳои ректори донишгоҳ дар мувофиқа бо деканати факултетҳо ҳайати донишҷӯёни гурӯҳҳои академиро танзим карда, дар асоси нақшаи таълим фанҳои давраи академиро ба гурӯҳҳо вобаста менамояд ва маҷмӯи дастовардҳои донишҷӯёнро дар давраи таҳсил ба қайд мегирад. Ба зимаи сохтор ташкил ва баргузоргардонии рейтингҳо, имтиҳон ва триместр ворид кардан ва маҳфуз доштани натиҷаҳои академии донишҷӯён, ҳисоб кардани холи миёнаи баҳои рейтингӣ, таҳияи маълумотномаи академӣ (транскрипт), замимаи диплом ва дигар амалҳои ба таълим ва тарбияи донишҷӯён вобастабуда вогузошта шудааст.

  • Зимни иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, кормандони ММБНКТ бевосита бо донишҷӯён, кафедраҳо, факултет ва дигар сохторҳои донишгоҳ ҳамкориро ба роҳ монда додашудаҳои системаро дар ин асос ба танзим дароварда ҳисобот ва маълумоти мухталифро дар асоси дархости маъмурият ва дигар сохторҳои донишгоҳ пешкаш менамоянд.

  • Марказ фармоишҳои интишоркардаи ректори донишгоҳро ба асос гирифта, ба ҳайати донишҷӯён тағйирот ворид мекунад: дар асоси фармон онҳоро аз система мебардорад, ба система ворид мекунад, гурӯҳи академиро иваз мекунад.

  • Сардори марказ, дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ таъйин карда мешавад. Ба ӯҳдаи ӯ идораи маъмурии марказ гузошта шудааст. Сардори марказ мутасаддии дар амал ҷорӣ намудани маҷмӯи қонун ва низомномаҳои соҳаи маориф ва таҳсилоти олӣ, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ, фармон ва фармоишҳои ректори донишгоҳ ва муовини ректор доир ба идораи ҷараёни таълим ва сифтаи таҳсилот мебошад, ки зимни он амалҳои зеринро иҷро менамояд:

  • аз рӯи нақшаҳои таълимии тасдиқшудае, ки аз ҷониби идораи таълимӣ-методӣ пешкаш мешавад, вазифадор намудани кормандони сохтор доир ба дуруст ташкил намудани бақайдгирии фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ ва теъдоди кредити онҳо ба система;

  • дар ҳамҷоягӣ бо таълимӣ-методӣ таҳия намудани нақшаи ҷараёни таълим барои ҳар як соли таҳсил ва барои тасдиқ ба ректори донишгоҳ пешниҳод намудани он, инчунин ташкил намудани назорати бевоситаи иҷрои он аз ҷониби намояндагони кафедра, факултет ва дигар ҷузъҳои сохтории донишгоҳ;

  • дар асоси таҷрибаи ҷаҳонии гирифтани таълимот ва татбиқи низоми кредитии таҳсилот даровардани тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои дар раванди таҳсил истифодашаванда, коркарди ҳуҷҷатҳои нав ва ба Шӯрои олимони донишгоҳ пешниҳод намудани онҳо, инчунин ба садорати донишгоҳ баррасӣ намудани фикру ақидаи худ доир ба мушкилоти дар раванди ҷараёни таълим пеш омада;

  • имтиҳонҳои марҳилавию ниҳоӣ ва триместрро ташкил намуда, дар асоси ҷадвали тасдиқшуда зери назорат мегирад ва шаффофияти иҷрои онро таъмин намуда аз натиҷааш ба сохторҳои дахлдор маълумот медиҳад;

  • номгӯи фанҳои таълимиро дар асоси нақшаи таълим бо кафедраҳо мувофиқа намуда, ба зердастони худ назорати ба система мувофиқ будани онро вазифадор мекунад;

  • дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таълимоти олӣ ба донишҷӯён додани транскрипт, замимаи дипломро таъмин мекунад;

  • бо назардошти ҳамоҳангсозии фаъолияти академӣ ва методӣ самаранок идора кардани ҷараёни таълим; назорати дурустии равия ва ихтисосҳо дар манбаи додашудҳо; гурӯҳбандӣ намудани фанҳои таълимӣ вобаста аз шакли омӯзиши онҳо (барои ҳар як ихтисос); таъмин намудани дурустии маълумот оид ба ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки ба ҷараёни таълим ҷалб карда мешаванд;

  • баргузор намудани ҷаласаҳои даврӣ оиди фаъолияти марказ ва инчунин баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон.

Бо қарори шӯрои олимони донишгоҳ вазифаҳои кории дар марказ иҷрошаванда низ тағйир дода шуд. Ҳайати кормандони марказ  ба намуди зерин муқаррар карда шуд:

Сохтори марказ

  1. Сардори марказ

  2. Менеҷер барномасоз (2 воҳиди корӣ )

  3. Сарнозир

  4. Нозирони факултет ва шуъбаҳо (10 воҳиди корӣ)

Кормандони марказ ҷидду ҷаҳд доранд, ки тамоми вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда ва аз тарафи маъмурияти донишгоҳ пешбинишударо сарбаландона дар муҳлати муқарраршуда ба сомон расонида, дар раванди тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд.