ШОКАРИМОВ БОБОҶОН ИКРОМИДИНОВИЧ

Сардори шӯъбаи стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ

Тел: (+992) 911-11-49-25

E-mail:Bobojon22@mail.ru, bobojon22@yahoo.com

Шӯъбаи стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ мутасаддии  татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, омӯзишу таҳияву таҳлилу баҳодиҳии стандартҳои давлатӣ, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, таҳлили масъалаҳои маориф ва такмили мазмуни таҳсилот ба ҳисоб меравад.

Шӯъба дар раванди фаъолияташ корҳои зеринро иҷро мекунад:

  • дар ҳамкорӣ бо кафедраҳо нақшаҳои таълимии ихтисос ва равияҳоро дар асоси талаботи Стандартҳои давлатии таълимоти олӣ таҳия намуда, онро барои муҳокима ва тасдиқ ба Шӯрои олимони донишгоҳ пешниҳод менамояд;

  • назорати мунтазами талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ вобаста ба шароити амалӣ гардонидани онҳо, аз ҷумла ба таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пеш аз рисолаи хатм, аттестатсияи ниҳоии хатмкунандагон ва дараҷаи тайёр намудани онҳо аз рӯи соҳаҳои алоҳидаи таълимро таъмин менамояд;

  • назорати ташкили раванди таълим дар асосии стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои таълимӣ дар доираи иҷозатномаи донишгоҳро ба ӯҳда мегирад;

  • дар таҳияи нақшаҳо ва стандартҳои давлатии таълимот ба инобат гирифтани хусусиятҳои хоси тайёр намудани мутахассисонро аз нигоҳи талаботи касбӣ таҳти назорат мегирад ва иҷрои бевоситаи онро аз ҷониби таҳиягарони ҳуҷҷатҳои мазкур таъмин менамояд;

  • омодасозии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар доираи стандартҳо ва нақшаҳои таълимӣ барои аз акредитатсияи навбатӣ гузаштани донишгоҳ;

  • кафедраҳо ва факултетҳои донишгоҳро бо ҳуҷҷатҳои меъёрии ташкили раванди таълим таъмин менамояд;

  • дар раванди интиқол ва барқарории донишҷӯён назорати фарқияти академиро (мувофиқи барномаҳои таълимӣ) ба ӯҳда мегирад;

  • вобаста аз вақти лоиҳавии сарбории умумии донишҷӯён дар як ҳафта барои машғулиятҳои аудиторӣ, корҳои мустақилона таҳти роҳбарии омӯзгор ва корҳои мустақилонаи донишҷӯ, фарогирии ҳақиқии донишҷӯёнро аз миқдори нишондодашудаи вақт вобаста аз ҳаҷм, мазмуну мундариҷаи фан муайян менамояд ва вобаста ба ин масъала барои Шӯрои методӣ ва кафедра маълумотҳои таҳлилӣ пешниҳод менамояд.

  • таҳия ва таҳлили маводҳои таълимӣ – методӣ дар ҳамкорӣ бо кафедраҳо;

  • омодасозии ҳисоботҳои даврӣ оиди фаъолияти таълимии донишгоҳ;

  • таҳлили фаъолияти сохторҳои донишгоҳ, ки бо фаъолияти таълимӣ машғул мебошанд.

Самтҳои асосии фаъолияти шуъба чунинанд:

  • омодасозии маводҳои асосноки таҳлилӣ бо мақсади гирифтани иҷозатномаи расмӣ барои  ихтисосҳои нав;

  • аз акредитатсияи давлатӣ гузаронидани нақшаҳо таълимӣ барои муассисаҳои олӣ;

  • таҳрир ва тасдиқии барномаҳои таълимӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ.