МИРЗОЕВ ШОКИР ТУРАХОНОВИЧ

Мудири шуъбаи таълим

E-mail: Shakiri_-90@mail.ru

Тел: (+992) 918 58 41 98

Вазифа ва ҳадафҳои шуъбаи таълим ба ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар донишгоҳ бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ, муаммоҳои таълим ва барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд.

Шӯъбаи таълим мутасаддии асосии гузаронидани ташхиси касбӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таълимоти олӣ ташкил намудани ҷараёни таълим аз ҷониби омӯзгорон, кафедра ва факултетҳои донишгоҳ мебошад.

Барои расидан ба ин мақсад шӯъбаи таълим:

  • дар асоси барномаҳои тасдиқшудаи вобаста ба ҳар як ихтисос ва равияи донишгоҳ маҷмӯи умумии фанҳои таълимиро дар ҳар як соли хониш муайян намуда, вобаста ба ин маълумот ҳисоби штатии кормандони кафедра ва факултетҳоро таҳти назорат мегирад;

  • ҳангоми ба кор ҷалб намудани омӯзгорон ҳуҷҷатҳои шахсӣ, маълумоти заминавӣ, унвон ва дараҷаи илмии довталабон – омӯзгоронро вобаста аз шарти озмун ва фанни таълимӣ аз ташхиси касбӣ мегузаронад;

  • вобаста аз теъдоди донишҷӯён ва меъёрҳои муайянгардидаи Шӯрои олимони донишгоҳ миқдори лоиҳавии омӯзгоронро барои ҳар як кафедра муайян менамояд;

  • меъёрҳои заминавии ҳисоби кормандони кафедраҳоро вобаста аз талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муайян намуда, иҷрои бевоситаи онро таъмин менамояд;

  • мӯҳлатҳои гузаронидани сессияҳои даврӣ ва таъсис додани комиссияҳои имтиҳонҳои даврӣ ва давлатиро аз ташхиси касбӣ мегузаронад ва барои фаъолияти онҳо талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таълимоти касбиро таҳти назорат мегирад;

  • пайваста рафти иҷрои ҷадвали тасдиқшудаи ҷараёни таълимро дар сатҳи кафедра ва факултетҳо таҳти назорат мегирад ва иҷрои бевоситаи онро аз ҷониби сохторҳои номбурда талаб менамояд;

  • ҳаҷми сарбории таълимии аз тарафи кафедра тартиб додашударо дида баромада ба низомномаи сарборӣ мувофиқ будани онро назорат менамояд;

  • давомоти донишҷӯён ва дарсазхудкунии онҳоро зери назорат қарор дода баҳри бартараф намудани камбудиҳо саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Сохтори шуъбаи таълим иборат аст аз:

  • мудири шуъбаи таълим;

  • сармутахассиси шуъбаи таълим;

  • оморчии шуъбаи таълим;

  • ҳамоҳангсози шуъбаи таълим;

  • танзимгари шуъбаи таълим;

АРБОБОВ СУБҲИДДИН САИДМУҲАММАДОВИЧ

Сармутахассиси шуъбаи таълим

E-mail: Alternative1990@mail.ru 

Тел: (+992) 935 64 88 00

МАСТОНОВА НАСИБА ШИРИНБЕКОВНА

Оморчии шуъбаи таълим

E-mail: naciba.mastonova@mail.ru   

Тел: (+992) 936 02 40 45

  РАСУЛОВА ТАҲМИНА САБУРОВНА

Ҳамоҳангсози шуъбаи таълим

E-mail: shohnoma-82@mail.ru

Тел: (+992) 935 25 59 86

  АЛИЕВА ИҚБОЛОЙ ТУЙЧИЕВНА

Танзимгари шуъбаи таълим

 Тел: (+992) 915 48 03 23