НЕГМАТОВА  Гавҳар  Деҳқоновна

сардори идораи таълимӣ-методӣ

E-mail:negmatovag_2013@mail.ru

Идораи таълимӣ-методӣ ҳамчун ҷузъи сохтории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои дар амал ҷорӣ намудани сиёсати ягонаи тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи техника ва технология, иқтисодчиёни соҳаҳои гуногуни саноат, мутахассисони соҳаи техникаи компютерӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, метрология ва стандартизатсия, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тайёр карда мешаванд, мутасаддӣ буда, барои расидан ба мақсадҳои стратегии номбурда аҳли кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ҷузъҳои сохтории онро дар литсей ва филиалҳо сафарбар менамояд. Зимни иҷрои вазифаҳои номбурда, идораи таълимӣ-методӣ ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, Қарорҳои Шӯрои олимон, фармон ва фармоишҳои ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ба таълимоти олӣ вобастаро ба асос мегирад ва бевосита иҷро менамояд.

Дар раванди вазифаҳое, ки аз тайёр намудани мутахассисони замони нав бо назардошти ҳалли масъалаҳои стратегии ҷараёни таълим бармеояд, идораи мазкур пеш аз ҳама барнома ва Стандартҳои давлатии таҳсилотро вобаста аз талаботи тахассусӣ ва азхуднамудани барномаи таълимии фанҳо таҳия намуда, барои мувофиқа ва тасдиқ ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии тайёр намудани мутахассисон, Идораи таълимӣ-методӣ дар таҳия ва ба амал ҷорӣ намудани консепсияи ҳамоҳанггардонии зинавии гирифтани донишҳои касбиро дар асоси низоми кредитӣ ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқшударо оид ба ин мавзӯъ ба амал ҷорӣ менамояд ва барои ба танзим даровардани баҳогузории фаъолияти донишҷӯён, омӯзгорон, мудирони кафедра ва деканони факултет дар сатҳи кафедра ва факултетҳо мониторинги ягонаи таҳлил ва баҳогузориро пешниҳод менамояд. Идораи таълимӣ-методӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои корҳои тарбиявию тарѓиботӣ , Маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимӣ ва Маркази рушди касбият иҷрои бевоситаи ӯҳдадориҳои тарафайни донишҷӯ, омӯзгор, мудири кафедра ва деканони факултетҳоро таъмин намуда, дар ин раванд ба даст овардани ҳадафҳои инноватсионии рушди Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро таъмин менамоянд. Идораи таълимӣ-методӣ мутасаддии дар амал ҷорӣ намудани низоми ягонаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ, худтакмилдиҳӣ ва эҷодкориро дар амал ҷорӣ намуда, шартҳои рақобатпазирии баҳогузории фаъолияти ҳар яке аз иштирокчиёни ҷараёни ягонаи педагогиро таъмин менамояд. Идораи таълимӣ-методӣ дар ташкил ва гузаронидани таҳлили экспертии Силлабусҳо, курсҳои мухтасари лексияҳои фаннӣ, ҷадвали дарсӣ дар асоси барномаҳои тасдиқшуда мутасаддӣ буда, талаботи маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дар ин раванд таъмин менамояд ва дар сари вақт ва бо сифати баланд маҷмӯи маводҳои таълимӣ-методиро аз чопӣ типографии бароварда истифодаи онро дар сатҳи факултетҳо ва фанҳои таълимӣ таъмин менамояд.

Идораи таълимӣ-методӣ низоми ягонаи гузаронидани таҳлилҳои аналитикӣ ва мониторинги санҷиши сифати машѓулиятҳо, баҳогузории донишҳои касбӣ ва амсоли онҳоро бо назардошти дастовардҳои марҳилавии донишҷӯёнро меомӯзад ва дар ин раванд вобаста ба ихтисос ва равияҳо муаррифиномаи касбиро таҳия ва дар амал татбиқ менамояд.

Барои дар амал татбиқ намудани вазифаҳое, ки ба ӯҳдаи Идораи таълимӣ-методӣ гузошта мешавад, шӯъбаҳо барои кор бо сохторҳои ягонаи донишгоҳ дар сатҳи кафедра ва факултетҳо, баҳогузории сифати таҳсилот, гузаронидани мониторинги даврӣ ва таҳлилҳои аналитикӣ, таҳия ва татбиқи барномаи тарбиявии донишҷӯён ва амсоли онҳо таъсис дода мешаванд, ки фаъолияти ҳар яке аз онҳо дар Низомномаи идораи мазкур оварда мешавад.

АСОСҲОИ ИДОРАКУНИИ ИДОРАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ

ШӮЪБАИ ТАЪЛИМ

ШӮЪБАИ СТАНДАРТҲО ВА БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМӢ

МАРКАЗИ МАШВАРАТИЮ БАҚАЙДГИРИИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛОТ