Шуъбаи таълим

Мутасаддии асосии гузаронидани ташхиси касбӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таълимоти олӣ ташкил намудани ҷараёни таълим аз ҷониби омӯзгорон, кафедра ва факултетҳои донишгоҳ мебошад. Барои расидан ба ин мақсад  шӯъбаи таълим:

  • дар асоси барномаҳои тасдиқшудаи вобаста ба ҳар як ихтисос ва равияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маҷмӯи умумии фанҳои таълимиро дар ҳар як соли хониш муайян намуда, вобаста ба ин маълумот ҳисоби штатии кормандони кафедра ва факултетҳоро таҳти назорат мегирад;
  • ҳангоми ба кор ҷалб намудани омӯзгорон ҳуҷҷатҳои шахсӣ, маълумоти заминавӣ, унвон ва дараҷаи илмии довталабон – омӯзгоронро вобаста аз шарти озмун ва фанни таълимӣ  аз ташхиси касбӣ мегузаронад;
  • вобаста аз теъдоди донишҷӯён ва меъёрҳои муайянгардидаи Шӯрои олимони донишгоҳ миқдори лоиҳавии омӯзгоронро барои ҳар як кафедра муайян менамояд;
  • меъёрҳои заминавии ҳисоби кормандони кафедраҳоро вобаста аз талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муайян намуда, иҷрои бевоситаи онро таъмин менамояд;
  • нақшаҳои инфиродии омӯзгорони кафедраҳоро вобаста аз талаботи ягонаи иҷрои корҳои методӣ, тарбиявӣ ва илмӣ аз ташхиси касбӣ мегузаронад ва иҷрои бевоситаи онро аз ҷониби кафедра ва факултетҳо таъмин менамояд;
  • миқдори фанҳои таълимиро вобаста аз ихтисос ва равияҳо барои ҳар як ихтисос ва равия муайян намуда, дар асоси он таҳияи барномаи корҳои методӣ, китобҳои дарсиро дар якҷоягӣ бо кафедра ва факултетҳо таъмин менамояд;
  • мӯҳлатҳои гузаронидани сессияҳои даврӣ ва таъсис додани комиссияҳои имтиҳонҳои даврӣ ва давлатиро аз ташхиси касбӣ мегузаронад ва барои фаъолияти онҳо талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи таълимоти касбиро таҳти назорат мегирад;
  • номгӯи мавзӯъҳои дипломиро вобаста аз талаботи касбии хатмкунандагони ихтисос ва равияҳоро дар сатҳи кафедра ва факултетҳо аз ташхиси касбӣ мегузаронад ва барои тасдиқ намудани онҳо ҳуҷҷатҳои лозимиро омода месозад;
  • дар асоси талаботи ҳадди ақали омӯзгорон дар раванди корҳои методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ таҳлили муқоисавӣ гузаронида, барои баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии кормандон меъёрҳои тасдиқшудаи ин ҷузъҳои таркибии ҷараёни таълим ва сифати таълимотро таҳти назорат мегирад;
  • ҷадвали таҳиягардидаи гузаронидани машѓулиятҳоро вобаста аз фанҳои дар сатҳи факултетҳо аз ташхиси касбӣ гузаронида, барои тасдиқ ба проректор оид ба корҳои таълим ва тарбия пешниҳод менамояд;
  • низоми ҳуҷҷатгузориро вобаста аз меъёрҳои муайянкардаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти назорат мегирад, иҷрои талаботи маҳфуз доштани онҳоро аз ҷониби кафедра ва факултетҳо таъмин менамояд;
  • вобаста аз хусусиятҳои хоси тайёр намудани мутахассисон ва таъмин намудани кафедраҳо ба омӯзгорони касбӣ, меъёри соатҳое, ки бо тарзи соатбайъ маблаѓгузорӣ мешаванд,  муайян намуда, дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани машѓулиятҳои мазкурро вобаста аз ҳаҷми соатҳои тасдиқшуда таъмин менамояд;
  • пайваста рафти иҷрои ҷадвали тасдиқшудаи ҷараёни таълимро дар сатҳи кафедра ва факултетҳо таҳти назорат мегирад ва иҷрои бевоситаи онро аз ҷониби сохторҳои номбурда талаб менамояд;
  • меъёрҳои баҳогузории фаъолияти омӯзгоронро дар раванди баланд бардоштани сифати гузаронидани машѓулиятҳо таҳия намуда, барои тасдиқ ба проректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба корҳои таълим ва тарбия пешниҳод менамояд;
  • раванди татбиқи технологияи муосир ва дар асоси барномаҳои корӣ гузаронидани машѓулиятҳо, қайд кардани машѓулиятҳо дар журналҳои академӣ ва мувофиқати мавзӯъҳои овардашуда дар асоси барномаи фаннии тасдиқшударо таҳти назорат гирифта, вобаста ба натиҷаи фаъолияти омӯзгорон дар ин раванд, хулосаҳои шӯъбаи таълимро баён намуда, ба кафедра ва факултетҳо онро амалӣ мегардонад;
  • ҷадвали гузаронидани аттестатсияи навбатии омӯзгорон ва мудирони кафедраҳоро вобаста аз мӯҳлати иҷрои вазифаашон тартиб дода, барои тасдиқ ба роҳбарият ва Шӯрои олимони донишгоҳ пешкаш менамояд;
  • меъёрҳои ягонаи маҳфуз доштани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дар ҷараёни таълим истифодашавандаро бо назардошти талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия намуда, пас аз тасдиқ иҷрои бевоситаи шартҳои муайянгардидаро аз ҷониби сохторҳои мутасаддии донишгоҳ таъмин менамояд;
  • ҳуҷҷатҳои донишҷӯёнро, ки барои гузариш аз дигар марказҳои таълимӣ ва барқароршавии онҳо ба донишгоҳ ариза додаанд, аз ташхиси касбӣ мегузаронад ва мувофиқат намудани онҳоро аз ҷониби Низомномаҳои тасдиқкардаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муайян менамояд, хулосаи идораи таълимро ба факултетҳо оид ба ин масъала мефиристад;
  • ҳисобот ва маълумотҳои омории донишгоҳ, филиал, коллеҷ ва дигар ҷузъҳои сохтории маркази таълимиро ҳамоҳанг менамояд ва дар давраҳои муайян барои таҳлили муқоисавӣ ва фаъолияти онҳо маводҳои заруриро тартиб медиҳад;
  • захираи умумии аудитории кафедра ва факултетҳоро вобаста аз синфхонаҳо ва омзоишгоҳҳо тартиб дода, дар ин асос ҷадвали тартибдодаи машѓулиятҳои фанниро дар сатҳи кафедра ва факултет аз ташхиси касбӣ мегузаронад;
  • ба синфхона ва озмоишгоҳҳо аз нигоҳи ороиши бадеӣ ва фаннӣ баҳо мегузорад ва аз кафедра ва факултетҳо риояи қоидаҳои гигиена ва бехатарии фаъолияти зистро аз нигоҳи гузаронидани машѓулиятҳо, машваратҳо, имтиҳон ва кори якҷояи омӯзгорон ва донишҷӯён дар соатҳои кори мустақил талаб менамояд.