Шуъбаи равобити хориҷӣ

Департаменти равобити хориҷӣ дар соли 1992 баҳри танзиму таҳкими равобити хориҷӣ ва рушди фаъолияти байналмилалии ДТТ таъсис дода шудааст.

Идораи департаменти равобити хориҷӣ аз замони таъсис бар дӯши кормандони ботаҷриба ба мисли  Наҷмиддинов Х. (1992-1993), профессор Исмоилов А.А. (1993-1994), д.и.и Ашуров С.Б., Абдуллоева М. (1994-1996), д.и.и. Усмонова Т.Ҷ., Бобоҷонова Ҳ. (2000-2001), д.и.ф-м. Каримов Ф.Х. (2001-2004), доктори илмҳои техникӣ Азизов Б.С. (2004-2006), д.и.ф. Хоҷамуродов О.Ҳ. (2006-2009) вогузор шуда буд. Аз соли 2010 то инҷониб департаменти муносибатҳои байналхалқӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ таҳти роҳбарии д.и.т., проф. Х. Бобоев қарор дорад.

Самтҳои асосии шуъба:

  • ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок бо  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар;
  • кор бо сафоратхонаҳо, созмонҳо ва фондҳои байналмалалӣ дар ш. Душанбе;
  •  таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати  ба даст овардани  грантҳои Иттиҳоди Аврупо;
  • таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома, созишнома ва протоколҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм;
  • таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома ва созишномаҳо оид ба ҳамкории байни созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар;
  • назорати татбиқи созишномаҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо кишварҳои хориҷӣ;
  • назорати раванди таҳсили донишҷўён, коромўзон, аспирантон ва устодони хориҷӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
  • таъмини назорати риояи реҷаи раводид ва қоидаҳои иқомати донишҷўён, аспирантҳо, коромўзон ва устодони хориҷӣ  дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ;
  • таъмини ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимӣ ва коршиносони соҳа ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти байналмиллалӣ дар соҳаи маориф ва роҳҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба;
  • Ҳамкориҳои зич дар доираи лоиҳаи барномаҳои  Эрасмус+, FP7  ва Горизонт 2020-и Иттиҳоди Аврупо.
  • ҷустуҷў ва дарёфти барномаҳо, лоиҳаҳо ва фондҳои байналмилалие, ки грантҳои соҳаи маориф ва илм;
  • таҳияи барномаҳои муштарак оид ба фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи таҳсилот, таълиму тарбия, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон дар заминаи технологияҳои муосир;
  • муаррифии лоиҳаҳои инноватсионии байналмилалии грантӣ;
  • таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи инноватсионии байналмилалии грантӣ.

Тибқи созишномаҳои ҳамкорӣ як қатор корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мубодилаи донишҷўён ва устодон баҳри таҷрибаомўзӣ ва иштирок дар симпозиуму конфоронсҳои муштарак  ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, то ба имрўз зиёда аз 1280-нафар донишҷўёни тоҷик дар муасссисаҳои таҳсилоти олии касбии Россия  таҳсил кардаанд.

Теъдоди умумии донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони ДТТ, ки аз тарафи лоиҳахои Барномаи Темпус, Эрасмус Мундус ва Эрасмус+  барои тахсил ба хорича сафарбар гаштаанд (нафар)

Сафарҳои хориҷии устодон ва кормандони ДТТ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ (нафар)

Дар чаҳорчўбаи ҳамкориҳои тарафайн миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Тернопол ба номи Иван Пулюй аз 1-уми сентябри соли 2008 дар заминаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ фаъолият мекунад

Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо  муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар ва иштироки фаъолона дар лоиҳаҳои грантӣ беш аз 200 нафар омўзгорону кормандон ва 50-нафар донишҷўён курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисосро аз худ намуда,  соҳиби сертификатҳову дипломҳои байналмилалӣ гаштанд. Инчунин аз буҷети лоиҳаҳои грантӣ барои донишгоҳ таҷҳизот ва маводи дарсӣ харидорӣ шудааст, ки дар раванди таълим самаранок истифода мегарданд.