Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш.Исфара

        

            Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кулоб» дар заминаи Филиали донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва воҳидҳои кории амалкунандаи он таъсис дода шавад.

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таълимии мазкурро бо стандартҳои давлати ва нақшаю барномаҳои таъимии дахлдор таъмин намояд.

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи қабули донишҷӯёнро ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кулоб барои соли таҳсили 2015-2016 ва солҳои минбаъда муқаррар намояд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул ва супоридани бино ва амволи Филиали донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб комисия таъсис дода, қабул ва супоридани бино ва амволи филиали мазкурро тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузорӣ таъмин карда, ба маълумоти баҳисобгирии тағироти дахлдор ворид намояд.

5. Сархати понздаҳуми номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, к ибо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-марти соли 2014, № 145 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кулоб» дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» .

6. Дар номгӯи корхона ва муассисаҳои системаи вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3- марти соли 2014, № 147 «Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, калимаҳои «филиалҳои он дар шаҳри Кӯлоб ва Исфара, гимназияи «Кӯлоб» -и назди филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб» ба калимаҳои «филиали он дар шаҳри Исфара, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсиони дар шаҳри Кӯлоб дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гимназияи «Кулоб»-и назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсиони дар шаҳри Кӯлоб» иваз карда шавад.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-октябри соли 2003 №471 «Дар бораи таъсиси филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб» аз эътибор соқит карда шавад.