Идораи корҳои илмӣ-татбиқотӣ

ТАЪРИХ ВА ПРОРЕКТОРОНИ ИЛМ ВА ТАТБИҚОТ

           Аз рўзи таъсисёбии Коллеҷи олии технологии саноати сабук ва хўрокаи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) дар сохтори он Департаменти илм ва татбиқот таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро Наҷмиддинов С. Ҳ.  соли 1990 бо фармони собиқ ректори коллеҷи олии технологӣ Пӯлодов П.А. ба вазифаи проректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ ба уҳда. Баъдан дар соли 1992 н.и.ф.-м., дотсент Ашўров С.Б. аввал ба вазифаи проректор оид ба илм ва сипас ба вазифаи проректор оид ба таълим ва фаъолияти илмӣ таъин гардид. Дар соли таҳсили 1993-94 ҳайати омўзгорону профессорони донишгоҳ аллакай соҳиби иқтидори илмӣ гашта, зарурати муаррифӣ намудани ин иқтидор пеш омад. Бо ин мақсад н.и.т., дотсент Шоев Н.Н. ба вазифаи проректор оид ба илм таъин гардида бо пешниҳоди моҳи феврали соли 1994 масъалаи таъсис додани «Маҷмааи корҳои илмии ДТТ» бо баровардани 2 маротиба дар як сол ба миён омад. Ин иқдом ба мақсади баланд бардоштани мақоми илм дар фаъолияти донишгоҳ ва кормандони он равона гашта буд. Акнун омўзгорон, махсусан мутахассисони ҷавон имкон пайдо карданд, ки дар маҷмааи мазкур мақолаҳои илмии хешро чоп кунанд ва дар рушди касбии худ ҳамчун олимони оянда замина гузоранд. Солҳои 1995-1997 ба вазифаи проректор оид ба илм н.и.ф.-м., профессор Ли И. Н., таъин гардид. Тайи солҳои 1997-2000 дар вазифаи проректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ д.и.и., профессор Усмонова Т.Ҷ. фаъолият кардааст. Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият дар самти тарбия кардани кадрҳои илмӣ аз 1 ноябри соли 1999 дар назди донишгоҳ шўъбаи аспирантура кушода шуд. Акнун омўзгорони донишгоҳ, пеш аз ҳама мутахассисони ҷавон имкон пайдо намуданд, ки дар машғулиятҳои мақсаднок аз фанни «Забони хориҷӣ» ва «Фалсафа» иштирок намуда, имтиҳонҳои минимуми номзадиро аз ин фанҳо бевосита дар донишгоҳ супоранд. Дар тўли солҳои фаъолияти аспирантура даҳҳо нафар аспирантон ва ўнвонҷўён аз чунин имконият истифода бурданд. Ба вазифаи проректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ аз 16.10.2000 то 2009 д.и.т., профессор Азизов Б. С.фаъолият намудааст. Аз 30.12.2009 то ҳол  номзади илмҳои техникӣ, и.в. профессор Ҳакимов Ғ.Қ. ба ҳайси проректор оид ба илм ва татбиқот фаъолият дорад.

СОХТОРИ ИДОРАВИИ ДЕПАРТАМЕНТИ ИЛМ ВА ТАТБИҚОТ

snimok3