Бахши кор бо занон ва духтарон

ШӮРОИ ЗАНОН

            Занон дар тарғиби арзишҳои муқаддам оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ҳисси муносиб гузошта ба ин восита мақоми зан-модарро, ки пешбарандаи ҳаёти ҷамъият ва асоси бахту нишот мебошад, боз ҳам баланд мебардоранд. Шурои занон ва духтарони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 89 аз 1 марти соли 2005 «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон  № 5 аз 3 декабри соли 1999  «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», инчунин Нақшаву чорабиниҳо доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 7 марти соли 2006 дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат шуда гузашт ва аз рӯи Низомнома аз 01.09.2016 фаъолият менамояд.  Шӯро мақоми машваратӣ буда, яке аз воҳидҳои сохтори Донишгоҳ маҳсуб меёбад. Роҳбарии Шурои занонро мудири бахши кор бо занон ва духтарон ба ӯҳда дорад.Дар ДТТ 144 зан-омӯзгор фаолият менамояд, ки аз онҳо 3- докторони илм, 21-номзади илм, 49-саромузгор,18-ассистент,18-ҳамкор, 35-кормандони ёрирасон кор ва фаъоляит доранд.Ҳайати донишҷӯдухтарони ДТТ аз 1332 нафар иборат аст, ки аз онҳо ба тариқи шартномавӣ -735, квотаи ВРИ-1,квотаи бурсия -1, квота-73, буҷавӣ-522 таҳсил менамоянд.Ҳамазамон дар ДТТ аз ҳисоби занон дар корҳои хоҷагӣ 46-нафар-зан фаъолият менамоянд.Бояд қайд намуд, ки дар шӯрои мазкур аз ҳисоби донишҷӯдухтарони лаёқатманд шӯрои духтарон иборат аз 8 нафар таъсис дода шудааст.Духтарони донишгоҳ дар бисёр чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ, ҳукуматӣ, ва берун аз давлат ширкат варзида, ба дастовардҳои зиёд ноил гардидаанд. Ба амсоли дар даҳаи дуюми моҳи ноябр бахшида ба 16 ноябр – Рӯзи Президент дар Донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид, ки дастаи донишҷӯдухтарони факултет иқтисоди ҷаҳонӣ оид ба волейбол сазовори ҷои якум гардид.Мақсаду мароми шурои мазкур ин нерую муташаккили сиёсӣ дар раванди ба ҳам омадани тоҷикон рисолати сулҳпарварӣ ва ваҳдатофаринӣ барои таҳкими дастовардҳои пурарзиш дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон боз ҳам бештар муттаҳид гардидани мақоми зан-модар мебошад. Ба занону духтарон шинос намудани қонунҳое, ки ба онҳо тағироту иловаҳо ворид карда мешаванд, инчунин баланд бардоштани ҳуқуқ ва ҳимояи онҳо дар насоси баробарии гендерӣ ва  паҳн намудани иттилоот оид ба вазъи занон, тарғиби ҳаёти солим, камолоти маънавӣ, масъулияти баланди ҷавонон ҳангоми бунёди оила мебошад.