Сектори барномаҳои таълимӣ-телевизионии “Маърифат”

25 апрели соли 2014 бо иштироки муовини раиси Ҳизби Халқӣ Демократии Точикистон Сафаров Сафар Ғаюрович, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавқат Бобозода, инчунин як катор ректорони таълимгоҳҳои олии кишвар Сектори барномаҳои таълимӣ-телевизионии «Маърифат» – и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба кору фаъолият оғоз намуд. Роҳбарии онро аз соли 2014 то иҷониб Раҳимов Саид Сайфуллоевич иҷро намуда истодааст.

Сектори барномаҳои таълимӣ-телевизионии «Маърифат» барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи бехатарии иттилоот, телекоммуникатсия ва технологияҳои компютерӣ дар истеҳсолот, дар амал тадбиқ намудани барномаи  «ҷустуҷӯ ва дастгирии истедодҳо» дар байни донишҷӯёну омӯзгорон мусоидат намуда, ба тариқи радио расонидани хабару эълонҳо ва дигар муваффақиятҳои раванди таълиму тарбияро дар донишгоҳ амалӣ менамоянд.

13

14

1