Тибқи нақшаи тарбиявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон санаи 13.11.2019 дар донишгоҳ мизи муддавар дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории кишвар”, бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид.

Мизи мудавварро муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р. кушода эълон намуда, мавзӯи ҳамоиш ва иштирокчиёнро муаррифӣ намуд. Сипас, сухани табрикотии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода И.Т. аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Ғафоров А.А. ба ҳозирин ироа гардид.

Бо маърӯзаҳо профессор, академики Академияи илмҳои педагогии Федератсияи Россия Қурбон Восеъ дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон ва давлати миллии тоҷикон”, Шарипов Исомиддин дар мавзӯи “Нақши идоракунии президентӣ дар пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ҷураев Раҷаббой – “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар наҷоти давлату миллат”, Абдумуминзода Ситора дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули иқтидори зеҳнии олимони ҷавон”, Шеров Маҳмадали дар мавзӯи “Дастовардҳои даврони истиқлолият ва саҳми Пешвои миллат дар рушду нумӯи кишвар” ва дар охир Алимардонов Шарифҷон дар мавзӯи “Пешвои миллат-хушбахтии миллат аст” баромадҳо намуданд.

Баъдан, иштирокчиёни мизи мудаввар ба музокирот баромада оид ба муҳтаво ва мақсади рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент эълон гаштан, ки ибтидо аз рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи нави муҳими давлатӣ, ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, суханронӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *