Мавриди зикр аст, ки эълон шудани саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо сиёсати дурбинонаи мантиқии Пешвои миллатро баҳри ба яке аз давлатҳои пешбурда мубаддал кардани Тоҷикистон, бараъло ҳис менамоем.

Ба ақидаи мо, низоми саноатикунонии ҳар як кишвар бояд тартиби мантиқӣ дошта бошад. Афзудани маҳсулоти кишоварзӣ ва мувофиқ кардани системаи фаъоли корхонаҳои саноатӣ баҳри коркарди пурраи он дар дохили кишвар қадамҳои устувор баҳри тақвият додани саноат аст.

Лозим ва ёдоварист, ки охирҳои соли 2018 дар ҷумҳуриамон Форуми байналмилалии соҳибкорӣ-2018 таҳти унвони “Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ” баргузор гашта буд.
Дар рӯзҳои кории форуми мазкур мо низ бо намояндагони соҳаҳои гуногуни саноат ва иқтисодиёти кишварҳои хориҷӣ суҳбатҳои корӣ анҷом дода будем ва бо пешниҳоди собиқ муовини аввали Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хол Ҳайдар бо роҳбарияти Донишкадаи технологияи ороиш ва рангуборӣ Ҷумҳурии Корея барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ суҳбат намуда, онҳоро ба донишгоҳ баҳри шиносоӣ даъват намудем.

Дар таърихи 06.11.2019 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намояндагони Кореяи Ҷануби барои муҳокима оиди лоиҳаи “Маркази илмӣ-таълимии тоҷикӣ-кореягӣ нассоҷӣ (рангуборкунӣ)” бо раёсати ДТТ вохурӣ гузаронида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ба ДТТ директори ҳамкориҳои форуми Корея дар Осиёи Марказӣ Лим Чеол-Ву, намояндаи донишкадаи Маритайми Корея Сунг-Чун Пак, ноиби президенти фонди Корея Сеонг –Ин Ким, ҳамоҳангсози лоиҳа дар донишгоҳи DYTEC Томас Юн ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ Баҳодур Шарипов ва Парвиз Самиев ташриф намуданд. Дар раванди гузаронидани вохӯри бо ректори ДТТ масъалаи татбиқи лоиҳаи “Маркази илмӣ-таълимии тоҷики-кореягӣ нассоҷӣ (рангуборкунӣ)” муҳокима карда шуд.

Баъди вохури бо раёсати ДТТ намояндагон ба озоишгоҳҳои факултети технология ва дизайни ДТТ ташриф намуда бо ҳайати факултет шинос шуда аз дастовардҳои он бархурдор шуданд. Лозим ва ёдоварист, ки меҳмонон аз озмоишгоҳи лоиҳаи “Таълимоти пешакии таъмини барномаҳо”, ки аз ҷониби лоиҳаи GoodNeighbors (Добрые соседы Ҳамсояҳои хуб) бо шарикони Корея WTIT дастгири ёфта буд дидан намуданд.

Дар натиҷаи боздид ва шиносоӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон меҳмонон ба хулосае омаданд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои муштарак лоиҳаи “Маркази илмӣ-таълимии тоҷики-кореягӣ нассоҷӣ (рангуборкунӣ)”-ро татбиқ намоянд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби кормандони ҳар ду донишгоҳ таҳия гардид. Маркази зикршуда аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаи аз тарафи Ҳукумати Корея пешниҳодшаванда дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо таҷҳизотҳои замонавии соҳавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои тайёр намудани мутахасисони соҳаи саноати сабук, аз ҷумла бофандагӣ, ресандагӣ, рангуборнамоӣ, лоиҳакашӣ ва дузандагӣ шароити хуб фароҳам меоварад. Ба ғайр аз ин, дар оянда марказ бо таҷҳизотҳои нави илмӣ-тадқиқотӣ таъмин мегардад ва дар гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотии аспирантон ва устодони ин соҳа имкониятҳои навро фароҳам меовард.

Бояд иброз намуд, ки мақсади ин лоиҳа ташкил намудани маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси корхонаҳои саноатии соҳаи нассоҷӣ ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки тамоми маҳсулоти истеҳсолшаванда аз ташхис гузаронида шуда, ҳамзамон ба онҳо сертификати мувофиқати сифат дода шавад.

Хулоса
Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки таъсиси Маркази мазкур дар иҷрои ҳадафи чоруми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, яъне саноатикунонии босуръати кишвар низ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Бояд зикр намуд, ки дастгирии лоиҳаҳои пешниҳодшаванда бояд аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳамоҳангсоҳӣ миллӣ нисбати лоиҳаҳои Агенти Кореягӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда шаванд.

Дар натиҷаи боздид ва шиносоӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон меҳмонон ба хулосае омаданд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои муштарак лоиҳаи “Маркази илмӣ-таълимии тоҷики-кореягӣ нассоҷӣ (рангуборкунӣ)”-ро татбиқ намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *