Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Пешгирии коррупсия” дар Ҷумҳурӣ конференсия дар мавзӯи «Омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ва усулҳои афзалиятноки пешгирии он» баргузор гардид. Дар кори конференсия Маҷиди Абдукарим – сармутахассиси Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ; Бобоев Қ.Б. – сармутахассиси раёсати Вазорати Адлияи ҶТ; аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии “Пешгирии коррупсия” дар Ҷумҳурӣ – ҷамъ 22 нафар; Юсупова З.Р. – муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ; кормандони департаменти корҳои тарбиявӣ; донишҷуёни фаъол – ҷамъ 20 нафар ширкат варзиданд.

Нахуст муовини ректор Юсупова З.Р. суханронӣ намуда аз номи раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон меҳмонон ва иштирокчиёни конференсияро хайра мақдам гуфтанд ва 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин муборакбод намуданд.

Инчунин, З.Юсупова қайд карданд, ки ҳукумати кишвар коррупсияро яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии давлат медонад. Аз ин рӯ, кишвари мо ҳамчун узви ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои бавуҷудоваранда, сари вақт ошкору бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ нисбат ба ин падидаи номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои судманд меандешад.

Сипас, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Пешгирии коррупсия” дар Ҷумҳурӣ Муродов Субҳиддин Рамазонович баромад намуда зикр карданд, ки мубориза бо коррупсия кори танҳо сохторҳои қудрати набуда вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа мебошад. Ҳадафи баргузор намудани чунин вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ паст кардани сатҳи коррупсия, бартараф намудани монеаҳои рушди иқтисодиёт, демократия, мукаммалгардонии идораи давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва иҷрои дигар ҳадафҳои стратегияи миллии рушди кишвар мебошад”, – афзуд Муродов Субҳиддин.

Бо маърўзаҳо сармутахассиси Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ – Маҷиди Абдукарим, сармутахассиси раёсати Вазорати Адлияи ҶТ – Бобоев Қ.Б., Акилов А.А. – муовини аввали Раиси ташкилоти ҷамъиятии “Пешгирии коррупсия” дар Ҷумҳурӣ баромадҳо намуданд.

Дар баромадашон мудири бахши занон ва духтарони донишгоҳ Раҷабова С. қайд намуданд, ки “муқовимат ба коррупсияро Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ дониста, омода аст, самаранокии фаъолиятро дар ин самт бо иштироки тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои байналмилалии манфиатдор таъмин намояд.”

Мудири бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ Шеров М. баромад намуда ҳозиринро даъват намуд, ки татбиқи пурраи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013 -2020» ва иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кори ҳамарӯзаи худ дониста, барои андешидани тадбирҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди коррупсия корҳои мушаххасро анҷом бояд дод.
Пас аз маърўзаҳо дар байни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардид.
Дар фарҷоми конференсия раиси ташкилоти ҷамъиятии “Пешгирии коррупсия” дар Ҷумҳурӣ Муродов Субҳиддин Рамазонович ба раёсати донишгоҳ миннатдории аъзоёни Ташкилотро барои мусоидат ба кори конференсия иброз намуда ба чанд нафар нишони сарисинагии “Фаъолон дар самти пешгирии коррупсия”-ро супорид. Бо ин нишони сарисинагӣ Ректори Донишгоҳ муҳтарам Амонзода Илҳом Темур ва муовини ректор Юсупова Зарина Розиқовна низ сарфароз гардонида шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *