04 ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Ректори донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур, сардори Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, полковники Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамиён Абдурашид Ҳотам, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ Шокирзода Маҳматолиб, ҳайати кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон волиояти қонунро эълон медорад ва мувофиқи он тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеа бояд дар асоси қонун амал намоянд ва онро муқаддас донанд. Дар робита бо ин мову Шумо ҳамкасбони азиз, ки таълиму тарбиядиҳанда ҳастем, вазифадорем маърифати ҳуқуқии ҷавнон-донишҷӯёнро, ки ояндаи кишваранд, боз ҳам баландтар бардошта ба он муваффақ гардем. Ҳамзамон мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазирро омода намуда, дар пешрафт, рушду нумуъ ва ободию шукуфоии кишвари азизамон саҳми босазо гузошта тавонанд”.
Сипас бо сухани табрикотӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки “… Имрӯз Тоҷикистон дар шароити Истиқлолияти давлатӣ , ҷиҳати шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти миллӣ аз нигоҳи нав, ки беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва санадҳоро муайян намудааст, метавонад манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дилпурона ҳимоя намояд” ва таъкид намуданд, ки “Ҷавонони хушиқболи Ватан зиракии сиёсиро аз даст надода дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бо шукргузори аз неъмати бебаҳои Истиқлолияти давлатӣ илм омӯзанд ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳмгузор бошанд”.
Полковники Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамиён Абдурашид Ҳотам ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ Шокирзода Маҳматолиб баромад намуда оид ба моҳият ва муҳтавои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Дар қисмати дуюми маҷлиси тантанавӣ аъзоёни ансамбли “Зуҳал”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барномаи ҷаззоби фарҳангӣ-фароғатиро пешкаши ҳозирин гардониданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *