МИЗИ МУДАВВАР дар мавзӯи: “Тамоюли ҳамкориҳои судманд байни муасисаҳои таълимӣ, давлат ва бахши хусусӣ дар тайер намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон”
Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ба роҳ мондани ҳамбастагии илм ва истеҳсолот, тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ рӯзи 30 октябри соли 2019 бо дастгирии Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва барномаи GТEX “Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон” дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Тамоюли ҳамкориҳои судманд байни муасисаҳои таълимӣ, давлат ва бахши хусусӣ дар тайер намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 20 корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони 9 таълимгоҳҳои касбии олӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуданд.

Пеш аз оғози кори мизи мудаввар иштирокчиён бо вазъи таълим дар факултети технология ва дизайн, озмоишгоҳҳои факултет дар соҳаи саноати нассоҷӣ ва дӯзандагию дизайни либос аз наздик шинос гардиданд.
Мизи мудавварро Раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Файзалӣ ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёни мизи мудаварро бо мақсад ва вазифаҳои воҳурии имрӯзаи намояндагони бахши хусусӣ ва таълимгоҳҳои касбии олию миёнаи касбӣ шинос намуд.

Сипас, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур суханронӣ намуда, дар бораи ҳамкориҳои донишгоҳ бо корхонаю ташкилотҳо маълумоти муфассал дод. Ахз ҷумла, қайд карда шуд, ки корхонаҳои “Гулистон”, Химтекстил “Ваҳдат”, “Нассоҷии тоҷик” барои дар ин корхонаҳо таъсис додани филиалҳои кафедраҳои донишгоҳ розигӣ доданд ва ҳамкориҳои мо оғоз гардиданд. Таъсиси Маркази омӯзишиву таълимӣ оид ба дӯзандагӣ дар назди ДДТ яке аз мисолҳои судманди ҳамкориҳои истеҳсолот ва донишгоҳ мебошад Бархурдор гардидани донишҷуён бо техникаю технологияи нав, таҷрибаомӯзии истеҳсолии онҳо яке аз омилҳои асосии дар ҳақиқат ба талаботи корхонаҳо тайёр намудани мутахассисон мебошад.

Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат борҳо қайд намуданд, ҳамбастагии илм ва истеҳсолот яке аз омилҳои асосии рушди саноат ба шумор меравад. Ҳайати проффессорону омӯзгорон донишгоҳ тайёр ҳастанд, ки ҳамкориҳоро барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навгониҳо, вусъат додани технология, тайёр намудани маҳсулотҳои нав саҳмгуор бошанд. Масъалан, ҳайати мутахассисону донишҷӯёни факултети технология ва дизайн тайёранд, ки барои тарроҳии либосҳои гуногун ҳамкорӣ намоянд.

Намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рузизода Акрам дар баромади худ вазъи имрӯзаи соҳаи саноати кишварро мавриди таҳлил қарор дода, дар бораи рушди саноат дар солҳои наздик маълумот дод.
Муҳаммадиев Абдулло – сардори департаменти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии ИРБаХТ дар мавзӯи “Тамоюли ҳамкориҳои судманди имрӯза ва оянда байни корхонаҳои нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва донишгоҳҳои олии соҳавӣ, муассисаҳои миёна ва ибтидоии касбӣ, нисбати тайёр намудани мутахассисон ва коргарони ихтисосҳои асосии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат” баромад намуда оид ба ваъи корхонаҳои саноатии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар маълумоти мушаххас пешниҳод намуд. Дар баромади худ Муҳаммадиев А. вазъи бо кор таъмин шудани хатмкунандагони таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбии кишварро мавриди баррасӣ қарор дода як қатор камбудиҳо ва роҳҳои ҳалли онҳоро ба диққати иштирокчиёни мизи мудаввар расонид.

Дар охир, намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ баромад намуда, фикру ақидаҳои худро оид ба баланд бардоштани савияи касбии хатмкунандагон донишгоҳҳои олии кишвар баён намуданд.
Дар охир қарор қабул карда шуд, ки Иттиҳоди рушди бахши хусусӣ як гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар асоси пешниҳодҳои иштирокчиёни мизи мудаввар як барномаи корӣ таҳия менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *