“Саҳми ман дар шаҳри ман”

Тибқи  қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 апрели соли 2019, №177 “Дар бораи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе”    санаи  13-14 апрели соли 2019  зиёда аз 300 нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар Аксияи умумишаҳрии ҷавонон таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман”  ширкат варзиданд.

Дар мувофиқа бо ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе масоҳати аз донишгоҳ то Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 380 метри квадрати канали обрав, ҷуйбори обрав тоза карда шуда бехи дарахтон нарм карда шуд.

Аз донишгоҳ то Маркази тарғиботӣ 260 метри квадратӣ ҷуйбори обрав тоза карда шуда роҳравҳо рубу чин  карда шуданд.

 Аз назди дарвозаи Литсеи инноватсионии “Душанбе” то кӯчаи Деҳотӣ ба андозаи 350 метри мураббаъ дарахтони арча ва гулу гулбутаҳоро тоза намуданд.

 Инчунин, зиёда аз 60 нафар донишҷуёни фаъол дар  кучаи Мушфиқӣ назди хобгоҳҳои ҶДММ “Нассоҷии тоҷик” шанбегӣ гузаронида, саҳми худро дар ободонии шаҳри азизамон гузоштанд.