Санаи 5-уми апрели 2019 тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифродгароӣ сатҳи пошхӯрии оилаҳои ҷавон, тақлидкории кӯр-кӯронаи бонувон ба фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вохӯрӣ бо донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  доир гардид.

Вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З. Р ифтитоҳ бахшида меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Сипас муовини раиси ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Рудобаи Мукаррам шукргузори аз ваҳдату ҳамдилӣ ва оромию суботи кишвар суханрони намуда аз эҷодиёти хеш порчаи шеъреро қироат намуд.

Сипас дар рафти вохури аъзои Шӯрои “Сулҳовар”-и Тоҷикистон собиқадори меҳнат Адолат Ҷӯрабоева оиди ҳифзи саломатӣ, паҳншавии ҳаргуна бемориҳо, ки имруз доғи ҷомеа гардидааст ибрози назар намуд, ки эҳтиёткор бошанд ва нисбати саломатии худ ва атрофиёнашон андеша намоянд.

Сардори Шӯъбаи корҳои ташкилии кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон, шомилшавии ҷавондухтарон  ва ҷавонписарон ба гурӯҳҳои ифродгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, бегонапарастӣ, яъне тақлиди кӯр-кӯронаи бонувон ба фарҳангӣ бегона, тарзи пӯшидани либос, рӯ овардан ба анъанаҳои миллӣ, ҳисси Ватандӯстӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва Нуқтаҳо аз Пайёми Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Кишвар ибрози андеша намуд.

Бояд қайд намуд, ки раёсати Донишгоҳ барои гирифтани пеши роҳи ҳуқуқвайронкунии ҷавонон ва наврасон оид ба ҳар гуна падидаҳои номатлуб корҳои зиёдеро ба анҷом  расонида. Раёсати донишгоҳ мунтазам дар якҷояги бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ вохуриҳо ташкил намуда,  мохияти дифои озодиву истиклолият ва манфиатҳои милливу давлатиро, ки қарзи ҳар як фарди бонангу ори ватандусту худогоҳ аст, суҳбатҳо  гузаронида, маслиҳатҳои муфид дода шуд.Гуфтан ба маврид аст, ки иштирокчиён аз вохури бо намояндагони макомотҳои дар боло зикр гардида, хеле таъсири хуб бардоштанд.