Кадбонуи беҳтарин

Санаи 13.04.2019 дар Боғи ИРАМ-и пойтахт озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” дар раванди иҷрои банди 21 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140, инчунин, тибқи нақша чорабинии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, эҳтиром ба хӯрокҳои миллӣ баргузор гардид, ки дар кори он донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар якҷоягӣ бо кормандони бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳадафи иштирок дар озмун ин пеш аз ҳама эҳёи таомҳои миллӣ, ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона инчунин баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва рушди анъанаҳои миллӣ маҳсуб меёбад.

Озмуни мазкур аз шартҳои зуволатунуккунӣ, угробурӣ, дастазани угро, мантупечонӣ-тушберапечонӣ, самбусапазӣ, хӯриштайёркунӣ (баҳорӣ), кулчақандпазӣ, нону кулчаросткунӣ, сабзирезакунӣ ва қатмолпечонӣ иборат буд, ки дар он 10 нафар донишҷӯдухтарон аз рӯи ҳар як шарт иштирок намуда, тарзи омода намудани хӯрокҳои миллиро ба ҳакамон ва тамошобинон ба намош гузоштанд.

Аз рӯи шартҳои зуволатунуккунӣ, угробурӣ, дастазани угро

Аз рӯи шарти мантупечонӣ-тушберапечонӣ

Аз рӯи шарти самбусапазӣ

Аз рӯи шарти хӯриштайёркунӣ (баҳорӣ)

Аз рӯи шарти кулчақандпазӣ