Сайри гули лола

«Сайри гули лола» –  як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад. Ба гуфти таърихшиносон, дар гузашта ин ойин дар сарзамини Суғди бостонӣ, Бохтари қадим ва баъзе манотиқи дигар бо номи “Ҷашни гули сурх” хеле шукӯҳманду хотирмон баргузор мегардид.

Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хос доир намудани «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳр, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик буда, ташаббускори ин иқдоми басо нек ва дилписанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд, ки пайваста мардумро ба ободонию сабзкорӣ ҳидоят намуда, фарҳанги зебоипарастиро ташвиқу тарғиб мекунанд.

Дар натиҷаи сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому заҳматҳои ҳамарўзаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар давоми солҳои охир симои муосири меъмориву шаҳрдориро касб намуд, ки бо бунёд ва эъмори боғҳои истироҳативу гулгаштҳои замонавӣ таваҷҷуҳи ҳар меҳмон ва сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Санаи 05.04.2019 бо ташабуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Назди бинои Сирк фестивали “Сайри гули лола” баргузор гардид

Дар он намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои эҷодиву маърифатӣ, кормандону омузгорон ва толибилмони мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, фаъолону аҳли ҷамоатчигии ноҳия, инчунин 20 нафар кормандону донишҷўёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иштирок намуданд.