Кадбонуи беҳтарин

Бо мақсади иҷрои банди 21 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №174 аз 01.04.2019 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, эҳтиром ба хӯрокҳои миллӣ, аврупоӣ ва меҳнати истеҳсолкунандаи молу маҳсулот санаи 05.04.2019 дар гулгашти Ҳофизи Шерозии пойтахт озмуни шањрии “Кадбонуи беҳтарин” баргузор намуд.

Дар озмун кадбонуи беҳтарин бо назардошти маҳорат ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешниҳоди хӯрокҳои босифат ва бо тамоми талабот ҷавобгӯ, ороиши дастархони миллӣ баромад намуд. Иштирокчиён ба саволҳои гурӯҳи ҳакамон ҷавобҳои қаноатбахш дода, сару либоси идона ба талаботи озмун мувофиқ ба бар доштанд.

Ҳадаф аз баргузории озмун тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, эҳтиром бо хӯрокҳои милллӣ буд, ки дар озмуни мазкур 8 нафар донишҷўдухтарони донишгоҳ иштироки фаъолона нишон додаанд.