Вохурии устодон ва кормандони донишгоҳ бо кормандони Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоруми апрели соли 2019 вохурии устодон ва кормандони донишгоҳ бо кормандони Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳимхоҷазода Раҷабалӣ – сардори шуъбаи ҳуқуқ ва Давлатзода Раҳмоналӣ – мутахассиси шуъбаи мактабҳои олӣ баргузор гардид.

Вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия – Юсупова З.Р. ифтитоҳ намуда, меҳмононро аз номи раёсати донишгоҳ ҷиҳати ташрифашон ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Суҳбат  дар мавзӯи ҚҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва саҳми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бевосита ташаббускори ҷорӣ намудани Қонуни мазкур мебошанд, сурат гирифт.

Сипас, Раҳимхоҷазода Раҷабалӣ – сардори шуъбаи ҳуқуқи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва роҳҳои амалӣ намудани талаботҳои ин қонун ба таври мухтасар суханронӣ намуданд.

  Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки дар ҳақиқат риояи дурусти Қонуни танзим сатҳи зиндагии мардумро хеле боло бурд.

Дар анҷоми вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ ба меҳмонон изҳори миннадории раёсати донишгоҳ ва аҳли толорро расонида, иброз доштанд, ки коллективи устодону кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баҳри дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар Қонунҳои амалкунандаи  кишвар  минбаъд низ  кӯшишу ғайрат ба  харҷ медиҳанд.