Озмуни «Дастони муъҷизаофар» бахшида ба соли «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар асоси мактуби Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти рақами №35/3-136 аз 19.03.2019 ҷиҳати татбиқӣ қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 декабри соли 2016, №355 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» санаи 30.03.2019 бо иштироки намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ шаҳри Душанбе Озмуни «Дастони муъҷизаофар» бахшида ба соли «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар байни донишҷӯдӯхтарон баргузор намуд.

Дар доираи талаботи Низомномаи Озмуни «Дастони муъҷизаофар» бахшида ба соли «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» донишҷӯдӯхтарон аз рӯи 7 шарти муайяншуда ба таври зайл иштирок намуданд:

Шарти 1-ум.

Аз рӯи шарти якуми озмун, ки намоиши тарзи тайёр намудани як навъи таъоми миллӣ ва муосирро талаб менамуд – Акобирзода Лола Дилшод – донишҷӯи курси 1-уми факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ иштирок намуда, ҳунари баланди омода намудани хӯроки оши бурида ва хӯроки муосирро нишон дод, ки аз ҷониби ҳакамон хуш пазируфта шуд.

Шарти 2-юм.

Аз рӯи шарти дуюми озмун, ки намоиши тарзи тайёр намудани хӯриши баҳорӣ буд, донишҷӯи курси 2-юми факултети технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ – Бобозода Сарвиноз иштирок намуда, яке аз хӯрии миллӣ мавсими баҳориро бо номи сабза омода намуд.

Шарти 3-юм.

Аз рӯи талаботи шарти сеюм, ки қироати шеър дар васфи «Наврӯз, Баҳор» – ро талаб менамуд, 4 нафар донишҷӯдӯхтарон Ҳасанова Насиба – донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ, Бобозода Сарвиноз – донишҷӯи курси 2-юми факултети технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ, Очилдиева Фарида – донишҷӯи курси 2-юми факултети технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ ва Лайлои Боймурод – донишҷӯи курси 2-юми факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ иштирок намуда, шеърҳоро дар васфи Наврӯз ва Баҳор қироат намуда, аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ карда шуданд.

Шарти 4-ум.

Аз рӯи талаботи шарти чорум – тарзи тайёр намудани суманак ва муарифии он Мусоева Ёсуман – донишҷӯи курси 3-юми факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ иштирок намуда, суманакро бо тамоми нозукиҳояш омода намуда, ба ҳакамон ва тамошобинон муаррифӣ намуд.

Шарти 5-ум.

Аз рӯи талаботи шарти панҷум, ки Ороиши дастархони идона бо сарфаю сариштакориро талаб менамуд Очилдиева Лайлӣ  – донишҷӯи курси 2-юми факултети муҳандисӣ-технологӣ иштирок намуда, дастархони идонаро бо истифода аз суннатҳои миллии Наврӯзӣ ороиш дод, ки аз ҷониби ҳакамон дар сатҳи баланд баҳогузорӣ карда шуд.

Шарти 6-ум.

Аз рӯи талаботи шарти шашум, ки намоиши маросимҳои анъанаҳои миллӣ-арусбофӣ ва саршӯён буд, 10 нафар донишҷӯдӯхтарони факултети молия ва иқтисод иштирок намуда, талаботи шарти мазкурро бо истифода аз суннатҳои миллии тоҷикон дар сатҳи зарурӣ ба ҳакамон ва тамошобинон намоиш доданд.

Шарти 7-ум.

Аз рӯи талаботи шарти ҳафтум, ки намоиши либосҳои миллӣ буд, Саидова Фарида – донишҷӯи курси 2-юми факултети технология ва дизайн либосҳои ҳусни миллидоштаи тарроҳинамудани хешро ба намош гузошт.

Дар охири озмун раиси ҳакамон Шарифзода Наргис – сардори Раёсати кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сухан ронда, изҳори миннатдории хеш ва ҳайати ҳакамон – Нурляминова Саида – муовини сардори Раёсати кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Комилова Фарангезхон – мутасадии пешбари Раёсати кор бо занони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Азизуллозода Малоҳат –  мутасадии пешбари Раёсати кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раҳматова Малика – мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо барои дар сатҳи зарурӣ омода ва баргузор намудани озмун ба бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ, мутасаддиён ва донишҷӯёни дар озмун иштирокнамуда расонида, ѓолибони озмунро бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон сазовор гардонид.