Муждаи Наврӯзи оламафрӯз

Ба истиқболи ҷашни Наврӯз санаи 28.03.2019 бо иштироки донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд ва донишҷӯёни дар хобгоҳ қарордошта ҷамъомади бошукӯҳи идона доир гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р. ҳозиринро аз номи раёсати донишгоҳ бо фарорасии Наврӯзи дилафрӯз шодбош гуфта, изҳори ақида намуд, ки Наврӯз воқеан ҳам ҷашни зебову эҳёи табиат аст. Гулдухтарони хобгоҳи ДТТ бо дастовези арзанда ва ҳунарҳои волои хеш ба истиқболи Наврӯз омаданд. Ороиши дастурхони идонаи рамзӣ бо ҳафтсину ҳафтшин хеле ҷолиб буд. Намоиши ҳунарҳои дастии донишчӯдухтарон ифтихор аз дастгириҳои сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда буд, дарак медиҳад.

Донишҷӯён бо руҳияи идона ва бо қалбҳои пур аз сурур дар васфи баҳору Наврӯз шеърҳо қироат намуда, тараннуми фасли зебои солро мекарданд. Консерти идона бо суруду рақсҳои дилнишин хеле ҷолиб ва хотирмон буд.