Ояндаи дурахшон аз имрӯз сарчашма мегирад

Дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ конференсияи амалӣ дар мавзӯи “Ояндаи дурахшон аз имрӯз сарчашма мегирад” бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда  баргузор гардид.

Кори конференсияро муовини ректор оид ба  тарбия   Зарина Юсупова ҳусни оғоз бахшида, аз номи раёсати донишгоҳ  меҳмононро хайра мақдам гуфтанд.

Сипас, бо маърӯзаҳо баромад карданд: намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -Раҳмонзода Шаҳзод; намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдукарим Қурбонов; муовини ректор оид ба илм ва татбиқот – Ҳакимов Ғ.Қ.; Шеров Маҳмадалӣ – магистранти бахши 2- юми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон; Сафаралиев Бобоҷон – донишҷӯи курси 6-уми Донишгоҳи давлатии тибии Точикистон ба номи А. Сино; Назарова Мадина – донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Хушвахтов Аслам  – донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ; Фирӯзи Маҳмадулло – роҳбари ҷавонони гуруҳи “Авангард”; Алимардонов Шарифҷон – роҳбари Шӯрои донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунандаи ДТТ.

Маърӯзаҳо дар мавзӯҳои “Дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, “Саҳми Пешвои муаззами миллат дар рушду нумӯи Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон”, “Тоҷикистон макони беҳтарин сайру сайёҳат”,  “Тоҷикистон-маҳзани таърихӣ ва мероси бойи қадима”, “Диёри меҳмоннавозам Тоҷикистон” бахшида шуда буданд.