Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Татбиқи маҳорати роҳбарӣ ва суханварӣ”

Бо ташаббуси Шуъбаи тарбия ва Шӯрои донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи  “Татбиқи маҳорати роҳбарӣ ва суханварӣ” барои сайқал додани малакаи суханварӣ ва маҳорати роҳбарии донишҷуён гузаронида шуд.  Дар семинар  муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р., мудири бахши кор бо занону духтарони донишгоҳ  Раҷабова С., намояндаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 64 нафар донишҷӯёни фаъоли тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда иштирок намуданд.  Бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р. иштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфта, сипас муовини Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Фирдавсӣ Қурбонов Убайдулло ва мудири бахши кор бо занону духтарони донишгоҳ  Раҷабова С. суханронӣ намуданд.

Дар семинар-тренинги омӯзишӣ рӯзноманигори сектори барномаҳои таълимии телевизиони “Маърифат”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Тиллоева Майсара дар мавзӯи “Ровӣ-наттоқ-баранда”, котиби шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи А. Сино Бобоҷон Сафаралиев дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар партави сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон”, соҳибкори муваффақ ва директори мактаб – кӯдакистони “Нури Ирфон” Зиёева Мушарафа дар мавзӯи “Нақши зан дар ҷомеа”, сардори маркази рушди касбият ва инноватсияи ДТТ  Холиқов Музаффар дар мавзӯи “Менеҷер ва Лидер” ва  роҳбари Шӯрои донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Алимардонов Шарифҷон баромадҳо намуданд.

 Қайд карда шуд, ки баргузории чунинсеминарҳо бамаврид ва муфид буда, дар боз ҳам васеъ гардидани ҷаҳонбинии донишҷуён, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти кишвар мусоидат менамоянд.