КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ РУШДИ БОСУБОТИ САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР ЗИМНИ ОМОДАСОЗӢ ВА РАҚОБАТПАЗИРГАРДОНИИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОБГӮИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ

Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар таърихи 18-19 марти соли 2019 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи “Рушди босуботи саноатикунонии кишвар зимни омодасозӣ ва рақобатпазиргардонии мутахассисони ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат” дар доираи эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ баргузор намояд.

Олимон, омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён, докторантон (PhD) ва дигар шахсоне, ки майли иштирок дар кори конференсия доранд, хоҳишмандем то 10 марти соли 2019 мақолаҳои илмии таҳриршудаи худро дар ҳаҷми аз 3 то 10 саҳифа ба суроғаи электронӣ E-mail: vestnik-tut@mail.ru ва ҳатман як нусхаи чопии онро ба суроғаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев 63/3 ирсол намоянд.