Меҳри ватанам дар дили ҷӯшони ман аст

23-юми феврали соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ифтихори 26-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ ва маслоили иҷтимоӣ, доктори илмҳои таърих Бобоев Х.Б. ифтитоҳ намуда, ба таври мухтасар дар бораи Артиши миллӣ, саҳми он дар таъмини сулҳу субот ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти кишвар суханронӣ намуд.

Сипас, хонандагони литсейи инноватсионии “Душанбе”, ҳунармандони ансамби “Зуҳал” ва гурӯҳи рақсии “Фараҳноз”- и донишгоҳ дар васфи Артиш, Ватан-модар ва сарбозону афсарони шуҷоъ суруду таронаҳо сароида, бо рақсҳои мавзуну ҷаззоб хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.

Дар хотимаи ҷамъомад муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р. аҳли толорро бо ин ҷашни фархунда самимона табрику муборакбод намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ҷавонони донишгоҳ дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи марзу бум ва дастовардҳои истиқлолияти кишвар саҳми арзанда гузошта, дар оянда ҳамчун мутахассисони рақобатпзири бозори меҳнат дар ободию шукуфоии ҷумҳурии азизамон нақши арзанда мегузоранд.

Баъдан Хаёл Бобоев ва Зарина Юсупова аз номи раёсати донишгоҳ ба як гурӯҳ омӯзгорону кормандони донишгоҳ туҳфаҳои пулӣ тақдим намуданд.