МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗЎӢ «БЕҲТАРИН ҲАДЯ КИТОБ АСТ»

Санаи 14 – уми феврали соли 2019 дар Китобхонаи илмии ДТТ бахшида ба  “Рўзи байналмилалии ҳадяи китоб” таҳти унвони «БЕҲТАРИН ҲАДЯ КИТОБ АСТ» таҷлил карда шуд. Мудири китобхона Абдумуминзода Ситора ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида ҳозиринро бо ин рўзи нек самимона табрик гуфта афзуд: “Ҳамасола  14 февралро ҷомеаи ҷаҳони чун рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб, (International Book Giving Day) таҷлил мекунанд. Таҷлили ин ҷашн аз соли 2012-ум оғоз мешавад. Ба андешаи китобшиносон, Рӯзи ҳадяи китоб-иде, ки на танҳо бо моҳияти ҷаҳонияш ҷашни байналмилалӣ гашт, балки ба он хотирест, ки ин ид пешниҳодшудаву ихтироъкардаи худи ҷомеа мебошад. Пешниҳодкунандаи он як зани одии амрикоӣ –Эмми Бродмур ба шумор меравад. Ин рӯзро дар Тоҷикистон –низ бо шакли хос ҷашн мегиранд.

Бархе аз соҳибназарон зикр медоранд, ки дар ин рӯз аввал китобро ба кӯдакон ҳадя намоем. Ба андешаи дигар таҷлили Рӯзӣ ҳадяи китоб бояд дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷониби ниҳоду муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ   ба таври хоса ҷашн гирифта шавад ва  дар  ин рӯз ба хона интернатҳои кӯдакон китобу дигар ашёи лозима тақдим бигардад.  Ё  дар ин рӯз волидайн  бо ташабуси хеш фарзандони худро аз фаъолияти китобхонҳо ва шакли дастраснамоии китобҳо ошно намоянд.

Ҳамчунин дар ин  рӯз ҳамкорону ҳамсабақон, дӯстону наздикон метавоананд ҳамчун ҳадя китоби хуберо ба якдигар тақдим намоянд.

Сипас сухан ба муовини ректори ДТТ оид ба илм ва татбиқот, доктори илмҳои техникӣ ҒАФОРОВ Абдулазиз Абдуллофизович дода шуд. Устод Ғаффоров А.А доир ба ин санаи муҳим чунин суханронӣ намуданд: «Аз қадимулайём мардуми тоҷик китобхон ва аз аҳли китоб буд, ки осори ниёгони мо шаҳодати он аст. То имрўз мазмуну моҳияти асарҳои ҷовидонаи бузургон ғановати маънавию ахлоқӣ- тарбиявии худро нигоҳ доштаанд. Китоб аст, ки мо аз панду ҳикмат, илму маърифат ва аз мактаби одамият сабақ мегирем. Ба воситаи китоб мо савияи дониш ва маҳорати худро сайқал медиҳем, илмҳои замнаро аз худ мекунем ва он маънавиёти моро бою рангин ва доираи ҷаҳонбини­амонро васеъ менамояд. Китоб пурқимматтарин сарватест, ки дар шаклгирии характеру рўҳияи одамизод мадад мерасонад, ба интихоби роҳи дурусти зиндагонӣ кўмак менамояд, савияи сиёсии инсонро баланд бардошта, дониши илмию техникиашро меафзояд. Асосгузори адабиёти пролетарӣ М.Горкий навишта буд: «Ҳамаи ҷиҳатҳои хуби ман аз китоб аст».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ дар ифтитоҳи китобхонаи миллӣ қайд намуда буданд, ки: «Китоб дар радифи модар Ватан арзишмантарин чиз аст». Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чи тавре, ки ба  шумо маълум аст ҳамеша баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат талош меварзад ва барои донишандўзии донишҷўён чораҳои зиёд меандешад. Ба ин мақсад ҳамасола Китобхонаи илмии Донишгоҳ Рўзи байналмилалии тўҳфаи китобро ҷашн мегирад, ки барои боз ҳам бо китоб пайванд гардидани устодону донишҷўёни мо мадад мерасонад. Чорабиние, ки айни ҳол баргузор мегардад боварии комил дорам, ки бори дигар ба мо исбот мекунад, ки «АЗ КИТОБ БЕҲТАР ҲАДЯЕ НЕСТ».

Дар охир ба ҳамаи шумо ин рўзро табрику таҳният гуфта, таманои онро дорам, ки муҳаббати мутолиаи китоб ҳамеша дар қалбҳои шумо дурахшон бошад.

Баъдан корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Надиров Сайзароб дар мавзўи «Рисолати китоб дар ҷомеа» суханронӣ намуданд. Номбурда доир ба нақши китоб дар ҳаёти инсон ва пешрафтҳои ҷомеаи муосир далелҳои ҷолибро пешниҳод намуд.

Маърўзаи дигар аз ҷониби китобдори китобхонаи илмии Донишгоҳ Саъдуллоева Тағойгул шунида шуд. Ў дар мавзўи «Бузургон дар васфи китоб» баромад намуда, аз забони барҷастатарин олимони дунё доир ба китоб маълумот дод.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ қисмати фарҳангӣ мавҷуд буд, ки донишҷўён бо асбобҳои мусиқии халқи якчанд суруд аз ашъори классикони адабиёти тоҷик замзама намуданд.

Дар охир баъд аз суханронии як чанд донишҷўёну устодон аз ҷониби масъулини Китобхонаи илмии Донишгоҳ ба ҳозирин китобчаҳои «Калиди орзўҳо» тақдим карда шуд.