Вохӯрии кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои мутташакили ВКД ҶТ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Санаи 15-уми феврали соли 2019 тибқи нақша-чорабиниҳои  Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои мутташакили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва департаменти корҳои тарбия дар донишгоҳ вохӯри бо устодону кормандон ва донишҷўёни донишгоҳ дар мавзўи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва оҳибатҳои терроризму экстремизм» баргузор  гардид.

Вохўриро муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Юсупов Мирзо Чулиевич ҳусни оѓоз бахшида, меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуд ва суханро ба Асламзода Сафаралӣ полковники Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дод.

Полковники ВКД Асламзода Сафаралӣ зимни маърӯзааш аз ҷумла қайд намуд, ки  маҳсади асосии вохўрии имрўза баланд бардоштани савияи дониши ҳуҳуҳӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, фаҳмондадиҳии сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ва ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, оҳибатҳои терроризму экстремизм, риояи пӯшидани сару либоси миллӣ ва мубориза бар зиди хариду фуруши одамон ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо устодону кормандон ва донишҷўёни донишгоҳ мебошад.

Терроризм ва экстремизм ба гуфтаи ӯ падидаи иҷтимоии бисёрҷабҳа буда, пешгирӣ ва решакан намудани он на танҳо вазифаи кормандони маҳомоти ҳифзи ҳуҳуҳ, балки ҳарзи ҳар як шаҳрванди сокини Тоҷикистон мебошад.

Инчунин роҳбари гӯруҳи Авангарди ВКД ҶТ Мардихудо Давлатов  дар суханрониаш ҷавононро ба дўст доштани ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол,  ифтихори миллӣ, боз ҳам мустаҳкамтар намудани ваҳдати миллӣ, аз даст надодани зиракию  ҳушёрии сиёсӣ даъват намуд.

Дар хотимаи ҷамъомад муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Юсупов Мирзо Чулиевич меҳмононро барои иштирокашон дар чунин як вохӯрии судманд изҳори сипос намуда, онҳоро бовар кунонд, ки ҳайати устодону кормандон ва донишҷўёни донишгоҳ, ки сиёсати оҳилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша ҷонибдорӣ мекунанд, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни донишҷӯёни донишгоҳ минбаъд низ пурзӯр намуда, баҳри дар амал татбиҳ намудани ин сиёсат кӯшишу ғайрати бештар ба харҷ медиҳанд.