ОМӮЗИШ ВА БАРРАСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

11-уми феврали соли 2019 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Қурбон Восеъ ва Исомиддин Шарифов бо устодону донишҷӯён доир ба ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Сараввал Бобоев Хаёл – муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ ва масоили иҷтимоӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар паёми имсола эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои рушди деҳот, дубора эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба ин кишвари биҳиштосоямон заминаи нав фароҳам меоварад. Баъдан Профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Қурбон Восеъ ва Исомиддин Шарифов – мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ баромад намуда, роҷеъ ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат банд ба банд ва нуқта ба нуқта муфассал ба ҳозирин фаҳмонида доданд.

Аз ҷониби онҳо қайд карда шуд, ки дар ин толори барҳаво сӯҳбати озод намудани мову Шумо худ исботи тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад, ки дар ҷавоб ба ин мо бояд шабу рӯз меҳнат кунем, заҳмат кашем, ва танамонро обод кунем ва шукронаи ин сарзамини биҳиштосо кунем.