Ҷашни Сада пешхабари Наврӯзи навбаҳор

Иди Сада – яке аз ҷашнҳои мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10–уми моҳи баҳман, ки ба 30–юми январи тақвими мелоди рост меояд, баргузор мешавад.

Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрўз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.

 Баҳри ҷашн гирифтани иди мазкур, тибқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар санаи 27-уми январи соли равон, дар Муассисаи давлатии “Боғи Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе ҷашни Сада доир гардид, ки дар он Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 500 нафар донишҷӯёну кормандони худ ширкат варзиданд.

Дар чорабинии мазкур аз корхонаву идора, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳову ҷамъиятҳои шаҳри Душанбе, ҳама гуна молу мавод, ҳунарҳои мардумӣ, таҷҳизоту ихтироот ва ниҳолу дарахтони гуногун ба намоиш гузошта шуда буд. Сокинони пойтахт ба сайру гашти умумӣ баромада, аз тамошои чорабинӣ ба худ илҳоми тозае мегирифтанд ва ин ҳолат аз фазои сулҳу оромӣ ва даврони истиқлолии кишвари азизи мо дарак медод.