Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Дар раванди иҷрои «Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои олии касбӣ» дар ҷамъбасти соли 2018, ки аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 дар мувофиқа бо Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  рӯзи 31 январи соли 2019 нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар кори он ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур, муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот Тошматов Маҳмуд Неъматович, муовини ректор оид ба тарбия Юсупова Зарина Розиқовна, муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Юсупов Мирзо Чулиевич, муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ ва масоили иҷтимоӣ Бобоев Хаёл Юлдошевич, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаҳо ширкат варзиданд.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорони зерин иштирок доштанд:

  1. Абдухолиқи Мирзозода (Рӯзномаи «Садои мардум»);
  2. Ибодуллоҳи Тоҳир ( Рӯзномаи “Минбари халқ”);
  3. Атригул Ризвоншоева (Рӯзномаи «Народная газета»);
  4. Ҳотами Ҳомид (Рӯзномаи «Омӯзгор»);
  5. Насрулло Туйчизода (Маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”)
  6. Шарифов Раҷабалӣ (Рӯзномаи «Фановар»- ДТТ) ва инчунин, намояндагон аз шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “ТВ-Душанбе”.

Рӯзноманигорон бо маълумотнома (пресс-релиз) оид ба натиҷаҳои муҳимтарини фаъолияти донишгоҳ тайи соли 2018 таъмин гардиданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур  баромад намуда ба ҳозирин даъватшудагонро  муаррифӣ намуданд. Сипас, ректори донишгоҳ намояндагони васоити ахбори оммаро бо дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ шинос карданд ва доир ба хусусиятҳои хоси ташкили раванди таълим, натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар давраи ҳисоботӣ, дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда, инчунин дар атрофи вазифаҳои стратегии донишгоҳ ба таври муфассал иттилоъ доданд.

Баъдан намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла хабарнигори рӯзномаи “Минбари халқ” Ибодуллои Тоҳир, “Народная газета” Атригули Наврӯз, рӯзномаи “Омӯзгор” Ҳотами Ҳомид ба саволҳои додаи хеш аз ҷониби ректор ва муовинони он ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Нишасти матбуотӣ дар руҳияи ошкорбаёнӣ ва гуфтугӯи судманд  анҷом ёфт.

Баъди анҷоми нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма аз намоиши дастовардҳои донишгоҳ дар соли 2018 дидан намуданд.