ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚОТИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рӯзҳои 10-14 декабри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Президент мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиши футболи хурд ва волейбол миёни донишҷӯписарони факултетҳои донишгоҳ баргузор гардиданд. Дастаи футболбозони Факултети иқтисодиёти ҷаҳон ва маркетинг дар рафти мусобиқот 4 бозӣ анҷом дода, дар ҳамаи онҳо ғолиб баромаданд, аз он ҷумла дар бозии финалӣ дастаи футболбозони Факултети муштараки тоҷики-украини “ системаи компютери ва интернет техналогияҳо” ро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд. Ҳамин тавр дастаи футболи хурди Факултети иқтисодиёти ҷаҳон ва маркетинг соли дуюм аст, ки дар ин мусобиқот сазовори ҷои якум ва Ҷоми мусобиқот мегардад.

Дастаи волейболбозони факултет низ дар мусобиқот фаъолона ширкат варзида сазовори ҷои сеюм дар байни дастаҳои волейболбозони факултетҳои Донишгоҳ гардиданд.

Ҳайати устодону профессорон ва кормандону донишҷӯёни факултет дастаи футболбозони факултетро бо ишғоли ҷои якум ва гирифтани Ҷоми мусобиқа, инчунин дастаи волейболбозони факултетро барои гирифтани ҷои сеюми ифтихорӣ табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти варзишии минбаъдаашон бурдбориҳо таманно доранд.