Таманнниёти солинавии ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур ба кулли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ

Хуш омадӣ, соли нави 2019

Таманнниёти солинавии ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур ба кулли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ

Устодону донишҷӯёни азиз!

Инак, баъди чанд рӯз соли 2018, ки барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон соли таърихӣ ва бобаракату пур аз дастовардҳо буд, ба ҳукми таърих ворид гардида, Соли нави мелодии 2019 фаро мерасад.

Аз ин рӯ, ҳамаи Шумоёнро ба муносибати фарорасии Соли нав самимона муборакбод гуфта, ба ҳар кадоми Шумо тансиҳатию хушбахтӣ, рӯзгори ободу  осоишта ва дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштаатон барору комёбиҳо тамано дорем.

Воқеан ҳам, соли сипаришаванда барои мардуми кишвари азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо, аз ҷумла омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ соли ҷашну рӯйдодҳои хурсандибахш ва дастовардҳои бузург ба ҳисоб меравад.

Дар соли сипаришаванда азму талош ва кӯшишҳои аҳли илму заҳмати донишгоҳ кам набуданд. Маҳз заҳматҳои шабонарӯзии Шумо устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз имкон доданд, ки сифати таълиму тарбия боз ҳам хубтару беҳтар ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда шаванд.

Ҳамкасбону донишҷӯёни азиз!

Паёми Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш мову Шумо онро бодиққат аз тариқи телевизион тамошо кардем ва аз саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо хондем, ҳар яки моро вазифадор месозад, ки кору фаъолиятамонро дар самти таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони лаёқатманди замони муосир дар дараҷаи боз ҳам баландтар ба роҳ монда, баҳри ободию шукуфоии кишвари азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо ва афзун гардонидани дастовардҳои он кӯшишу ғайрати бештар намоем.

Итминон комил дорам, ки таълиму тарбиядиҳанда ва тайёркунандаи мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир ҳастем, дар татбиқи Паёми Пешвои миллат ва дигар дастуру ҳидоятҳояшон, инчунин амалӣ намудани қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузошта, соли 2019–ро бо дастовардҳои назарраси илмию омӯзгорӣ ва фарҳангию варзишӣ ҷаъбаст намоем.