Ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию инноватсионӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли 2018 таҳти унвони «Аз Паём то Паём»

Рӯзи 27 декабри соли 2018 дар толори асосии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати устодону кормандон маҷлиси ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию инноватсионӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли 2018 таҳти унвони «Аз Паём то Паём» баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муҳтарам Амонзода Илҳом Темур дар бораи дастовардҳои донишгоҳ дар самти таълиму тарбия, илму инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ дар соли 2018 маърузаи муфассал намуд. Қайд карда шуд, ки ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22.12.2017 ва воҳӯри бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ  бахшида ба Рӯзи Дониш – 1 сентябри  соли 2018 дар кушодашавии пайкараи Абуали ибн Соно дар назди бинои навсохташудаистодаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баён намуданд, иҷрои чорабинӣ ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар раванди баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори озоди меҳнат, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯхӣяи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар  тамоми маҳорат ва нерӯи зеҳнии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳро равона карда истодаанд.

 

Ректори ДТТ муҳтарам Амонзода И.Т. муфассал дар бораи дастовардҳо барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, дастовардҳо дар соҳаи илму навъоварӣ, такмили базаи моддию техникии донишгоҳ, сохта ва ба истифода дода шудани озмоишгоҳҳои нави тахассусии бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидашуда нақл намуд.

Дар маҷлис ба собиқадорони меҳнат- профессору омӯзгороне, ки солҳои зиёд дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намуда саҳми калонеро барои тарбияи ҷавонон доранд, сипосномаҳо супорида шуданд.

Дар маҷлис ба 9 нафар омӯзгорон, ки дар соли 2018 рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд, мукофотпулӣ, инчунин, ба ғолибони озмуни донишгоҳии «Ихтирокорони ҷавон» мукофотпулиҳо ва тӯхфаҳо супорида шуданд.

 

   Матни пурраи хисоботи чамъбастии ректори ДТТ оид ба натичахои фаъолияти донишгох дар соли 2018