Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, 26-уми декабри соли 2018

26-уми декабри соли 2018 дар Кохи Сомони Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки дар он 10 нафар кормандон ва омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳамзамон дар толори маҷлисгоҳ ва инчунин дар толорҳои махсусгардонидашудаи факултетҳои донишгоҳ дар ҷамъ 800 нафар кормандон ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ироаи Паёми Пешвои муаззами миллатамонро бо рӯҳу илҳоми болида ва ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ дастаҷамъона тамошо намуданд. Бояд қайд намуд, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ Олӣ сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистони азизамонро дар бар гирифта, вазифаҳо барои соли оянда, яъне соли 2019 муайян карда шуд. Инчунин аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019-2021 Соли рушди деҳот, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод карда шуд, ки боиси ифтихори тамоми мардуми шарафманди кишвар гардид.