Мақоми “Ҷавондухтари боғайрати сол” муборак!

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   ҷамъбасти озмуни  ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” баргузор гардид.  Мақсад аз баргузории озмуни мазкур арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, эҳё намудани ҳунарҳои дастӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилонаи оиладорӣ, инчунин тарбия намудани онҳо ҳамчун як бонуи асили тоҷик ва тарғибу ташвиқи суханҳои Пешвои муаззами миллат мебошад.

Донишҷудухтари курси 1 ФМБИ-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Акобирзода Лола дар ин озмун соҳиби мақоми “Ҷавондухтари боғайрати сол”, сипосномаи Кумита ва туҳфаи хотиравӣ  гардид.