Марди роҳ

Дар толори маҷлисии донишгоҳ санаи 19 декабри соли ҷорӣ филми мустанади “Марди роҳ” ба намоиш гузошта шуд. Барои тамошои ин намоишнома устодону кормандон ва донишҷӯёни муассиса, ки бештар аз 300 нафар буданд дар толор ҷамъ шуда буданд. Ин филми документалӣ аз рӯзҳои аввали баъди пошхӯрии иттиҳоди шӯравӣ, ба вартаи ҷанг кашидани мардуми зудбовару дилсофи тоҷик, аз қадамҳои аввали Пешвои миллатамон ба ҳайси Президенти кишвар ва он ҷонфидоиҳое, ки Ҷаноби Олӣ баҳри ба ватан баргардонидани гурезагон карда буд, нақл мекард.

Иштирокчиён ин намоишномаро бо як ҳаяҷон тамошо намуда  ифтихор аз ватану роҳбари  асили давлатамон карданд