Семинари тарбиявӣ-маърифатӣ дар мавзӯи “Ифротгароӣ, даҳшатафканӣ-вабои аср”

Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстримизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аз 12 ноябри соли 2016, №776 ва бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстримизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”, нақшаи чорабиниҳои ДТТ оид ба татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстримизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аз 25.02.2017 дар донишгоҳ як қатор корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст.Санаи 17-уми декабри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳ семинари тарбиявӣ-маърифатӣ дар мавзӯи “Ифротгароӣ, даҳшатафканӣ-вабои аср” бо иштироки устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ, кормандони департаменти тарбия ва донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда баргузор гардид.

Семинаро муовини ректор оид ба тарбия Юсупова Зарина Розиқовна ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯи шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона маърӯза намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки мақсади асосии семинари имрӯза баланд бардоштани саввияи дониши ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, фаҳмондадиҳии сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, оқибатҳои терроризму экстремизм, риояи пӯшидани сару либоси миллӣ мебошад. Дар охири суханонаш устод ҷавононро ба дӯст доштани ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифтихори миллӣ, боз ҳам мустаҳкамтар намудани ваҳдати миллӣ, аз даст надодани зиракию ҳушёрии сиёсӣ даъват намуда таъкид намуд, ки бо баҳои хубу аъло донишгоҳро хатм намуда, дар ватани ободу осоиштаамон хизмати софдилона намудан қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бономуси ватан мебошад.

Баъдан омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Орифҷонова Н.Р. дар мавзӯи “Баъзе аз роҳҳои технологияҳои ҷалбнамои ба ДИИШ” маърӯзаи пурмазмун намуда, ба донишҷӯён насиҳатҳои модарона намуда, қайд карданд, ки дар чавоб ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллатамон ҷавонон бояд шабу рӯз заҳмат кашанд, тамоми илмҳои замонавиро аз худ намоянд ва созандагони имрӯзу фардои кишвари азизамон бошанд. Устод қайд карданд, ки терроризм ва экстремизм – даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ, ки ба осудагию амнияти кишварҳои дунё ва нобуд шудани кулли мардум таҳдид менамоянд, масъалаи доғи рӯз шудааст ва ҷавононро ба ба доми фиреби ифротгароӣ ҷалб менамоянд.

Инчунин, ассистенти кафедраи мазкур Салимова Ф.С. дар мавзӯи “Ҷалби мутахассисони дипломдор ба сафҳои ДИИШ” маърӯза намуданд. Салимова Ф.С. дар баромадашон оиди омилҳои асосии ҷалбнамоии ҷавонони дипломдор аз тарафи таблиғгарон суханронӣ намуданд.

Ба ҳозирин филми мустанад оиди тақдири як модари тоҷик, ки писараш ба доми таблиғгарони ДИИШ афтода буд, намоиш дода шуд.

Вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З. Р. ҷамъбаст намуда, ташкилу гузаронидани чунин суҳбату вохӯриҳоро, ки минбаъд низ идома хоҳанд ёфт, муфид арзёбӣ кард ва ба омӯзгорони кафедраи гуманитарӣ барои маърӯзаҳои пурмазмун доир намуданашон миннатдорӣ баён намуда ба ҳамаи иштирокчиён ҳушёрию зиракии сиёсиро таманно намуд.