ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ САД РАНГИ ЧАКАН

Чакан рангинтарин ва қадимтарин ҳунари мардуми тоҷик буда, ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримодии башарият ворид шуд. Тайи чанд руз дар тамоми гушаи канори мамлакат ба ин муносибат чорабиниҳои фарҳангӣ  баргузор гардиданд. Дар пойтахти мо низ аз ин руйдоди муҳим бо ташабуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев  санаи 15 декабри соли 2018 чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Сад ранги чакан” баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабини эҳтиром ва арҷ гузоштан ба мероси аҷдодист.

Дар  чорбаинии мазкур зиёда аз 100 донишҷуёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо як масъулияти баланди хештаншиносӣ ширкат варзиданд.

Бояд тазаккур дод, ки донишҷўёни донишгоҳ ҳунарҳои дастии худ аз қабили либосу лавозимоти хона, курта, сузанӣ болишт, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапуш, чойхалта ва  камарбандро ба марази тамошо гузоштанд.