Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Осори Миробид Сайидои Насафӣ дар тарғиби ҳунарҳои мардумӣ» бахшида ба «400 – солагии Сайидои Насафӣ» ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

 Санаи 13 – уми декабри соли 2018 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Осори Миробид Сайидои Насафӣ дар тарғиби ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид. Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Ҳакимов Ғафурҷон Қосимҷонович оғоз гардид. Ҳакимов Ғ.Қ ҳозиринро бо 400 – солагии ин адиби тавоно табрик гуфта, иброз дошт, ки: «Мавриде, ки дар бораи Саид Насафӣ андеша меронем, мебинем, ки ин чеҳраи мондагори миллати дардошнои тоҷик ҳамчун таблиғгари ҳирфавӣ шуҳрати азимеро касб карда будааст. Сайидо зиндагии басо риққатбору ногувори тангдастонаи рӯзгорро ба cap мебурдааст ва барои таъмини созу барги зиндагӣ ба касби бофандагӣ иштиғол меварзидааст, ки мегӯяд:

Баҳри рӯзи мекунам бофандагӣ чун анкабут.

Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро,

Дар воқеъ Осори Сайидо басо пурмуҳтавост. Ӯ аз шоирони пурмаҳсули аҳди хеш буд ва ба андешаи Абдулманнон дар ҳама анвои шеърӣ дасти тавоно дошт».

Гузориши профессор, муовини ректор оид ба таълими Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевич дар мавзӯи «Таҷассуми ҳунарҳои мардумӣ дар осори Сайидои Насафӣ» дар давоми конференсия шунида шуд. Иброҳимов М.Ф., иброз доштанд, ки: «Аз асрҳои X-XI ба баъд бо таъсис ва нашъунамои шаҳрҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон, вусъати ҳунармандӣ ва ба вуҷуд омадани касбу ҳунарҳои гуногун дар шаҳрҳо дар адабиёти форсу тоҷик низ навъ ё жанри шеърие ба вуҷуд омад, ки мавзӯи он тасвири аҳли ҳунар ва касбу кори онҳо, васф ё ҳаҷви табақаҳои муайяни шаҳр буда, унвони «Шаҳрошӯб» ё «Шаҳрангез» – ро ба худ пайдо кард. Сабаби «Шаҳрошӯб» хонда шудани чунин шеърҳо дар он буд, ки «мазмуну муҳтавояшон вирди забонҳо гардида, дар байни аҳолии шаҳр ошӯбу овоза ва ҳангома ба вуҷуд меовард». Шаҳрошӯб аз он сабаб навъ ё жанри шеърӣ ҳисоб мешавад, ки дар кадом қолаби назм навишта шудани он фарқ надорад. Он метавонад дар шакли рубоӣ, дубайтӣ, қитъа, ғазал, қасида, маснавӣ, мухаммас ва ғайра навишта шавад. Жанри Шаҳрошӯбро мазмуни он муайян мекунад.

Шарти асосӣ ва қонуни жанри шаҳрошӯб он аст, ки мазмуну мундариҷаи он ба зиндагии воқеӣ ва касбу кори гурӯҳу табақаҳои иҷтимоии шаҳр нигаронида мешавад. Ин гурӯҳ метавонад ба ин ё он табақаи иҷтимоӣ мансуб бошад, чунонки як қисми шаҳрошӯбҳо гурӯҳи ақли санъатҳои ҳунармандӣ ва ҳаҷвияҳои шаҳрошӯб, гурӯҳи намояндагони табақаҳои ҳукмронро фаро гирифтаанд. Бояд гуфт, ки қисми асосии осоре, ки дар жанри шаҳрошӯб гуфта шудаанд, ба тасвири ҳунармандон ва анвои касбу ҳунарҳо бахшида шудаанд. Ин ҳам бесабаб нест, зеро «асоси ҷомеа ва ҳаёти шаҳрҳои асримиёнагии моро ҳунармандон ва истеҳсолу фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил мекард, шоирон низ дар таълифи шаҳрошӯб, аз рӯи мақсад ва вазифаи ин жанр бештар ба зиндагии ҳамин табақа муроҷиат мекарданд».

Сипас, тибқи барномаи конференсия риштаи суханро н.и.ф Абдураҳим Абдуллоҳ идома дода, дар гузориши илмии худ таҳти унвони «Тарғиби ростӣ ва ахлоқи нек дар ашъори Сайидои Насафӣ» қайд намудан, ки: «Сайидои Насафӣ –  аз шуарои тирози аввали Мовароуннаҳр дар садаи XVII  ва аввалҳои қарни ҳаждаҳ ва беҳтарин суханвари пайрави  сабки ҳиндӣ дар ин минтақа мебошад. Дар замони ҳукумати подшоҳони Аштархонӣ дар шаҳри Бухоро зиндагӣ кардааст. Аз тарзу тариқи зиндагии ӯ ба чуз чанд ахбори пароканда, ки дар тазкираи «Музокир-ул-асҳоб» – и Малеҳои Самарқандӣ, китоби  таърихии «Убайдуллоҳнома» ва «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳоҷи Неъматуллоҳи Муҳтарам ба назар мерасад, чизи дигаре дар ихтиёри дар ихтиёри мо дида намешавад. Дар ин росто куллиёти осори ӯ ягона маъхаз дар шинохти аҳвол ва рӯзгори шоир мебошад.

Аз ахбори манбаъҳои то ба мо расида мегардад, ки Сайидо дар маркази дини Ислом – Бухоро ба дунё омада умр ба cap мебурд. Малеҳои Самарқанди дар «Музокир-ул-асҳоб» дар бораи ӯ чунин навиштааст: «Сайидо – номаш «Миробид», насафиюласл аст ва сокини вилояти Бухорост…, тариқи зиндагонии зарифонаи нозукона дорад. Шуҳраташ дар миёни хосу ом…, ашъори ӯро мардум беҳтар медонанд ва бештар мехонанд».

Баъдан, гузориши илмии дотсент Нурова Кибриё дар мавзӯи «Зарурати омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти Сайидои Насафӣ дар замони Истиқлол» шунида шуд. Нурова К. дар гузориши худ қайд намуд, ки: «Сайидо аз зумраи шуарои ба истилоҳ «тарзи нав», яъне пайрав аз сабки ҳиндӣ буд. Бо итминон метавон гуфт, ки пуровозатарин ва машҳуртарин шоири ин сабк дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ Сайидо мебошад. Ӯ монанди шуарои ин сабк чашм ба симои маънӣ духта, саъй мекард, дар маслаки дарёфт ва баёни маонии латиф муваффак бошад. Девони ашъори шоир худ гувоҳ бар он  аст ки Сайидо ба ин нияти гузоштаи хеш ноил гардида буд.

Сайидо муҳассаноти шеъри ҳиндиро дар қолаби калимоту ибороти форсии мовароуннаҳрӣ басо ҳунармандонаву устодона ба зуҳур пайвастааст. Забони ашъори Сайидо аз таркибу иборот ва амсолу ҳиками роиҷ дар ҳавзаи Осиёи Миёна саршор аст. Забони гуфтугӯи мардуми ин минтақа дар ашъори Сайидо нақши басо рушану бориз дорад».

Ҳамзамон, дар конференсия гузориши илмии мудири китобхонаи илмии ДТТ Абдумуминзода Ситора таҳти унвони «Тасвири касбу ҳунар ва меъёри ахлоқи ҳунарманди аз назари Сайидои Насафӣ» ироа гардид. С.Абдумуминзода дар баромади худ иброз намуд, ки: «Аз феҳристи анвои касбу ҳунар, машғулиятҳо ва сифату хислатҳои инсонӣ, ки дар ашъори шаҳрошӯби Сайидои мавриди тасвир ва тавсиф қарор гирифтаанд, метавон ба хулосае омад, ки шоир бо намояндагони табақаи ҳунармандони замони худ ва касбу кори онҳо ошноӣ ва эҳтиром дошта, ба василаи шеъри худ касбу ҳунарҳои роиҷи он замонро барои наслҳои оянда зинда нигоҳ дошта, аз хавфи фаромӯшӣ ҳифз кардааст.

Ашъори шаҳрошӯби Сайидо аз якчанд ҷиҳат аҳамият ва арзиши назаррас дошта метавонад. Аввалан, шеърҳои ба касбу ҳунарҳо бахшидашуда, ки аз номи шоҳиди зиндаи он замон, яъне Сайидои Насафӣ гуфта шудаанд, барои муҳаққиқони риштаи таърих, мардумшиносӣ, санъатшиносӣ дар таҳқиқи марҳалаҳои таърихи касбу

ҳунарҳои мардуми тоҷик маводи фаровони илмӣ дода метавонад. Сониян, ба воситаи ашъори шаҳрошӯби Сайидо ном ва истилоҳоти хоси касбу ҳунарҳое, ки дар асри XVII дар шаҳрҳои асримиёнагии Мовароуннаҳру Хуросон роиҷ будаанд ва то замони мо боқӣ мондаанд, ҳамчун маводи таҳқиқ барои муҳаққиқони ҳунарҳои мардумӣ хидмат карда метавонанд. Ҳамчунин ашъори Сайидо дар тарғиби касбу ҳунар дар байни насли ҷавон ва бедор кардани эҳсоси меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром

ба касбу ҳунар нақши муассир дошта метавонад. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки шаҳрошӯби Сайидо натанҳо асари камназири адабӣ дар таърихи назми форсу тоҷик мебошад, балки бо мазмуну мундариҷаи худ

маъхази мътамад ва гаронбаҳои илмӣ барои таҳқиқи таърихи таҳаввули касбу ҳунарҳои мардуми тоҷик дар асрҳои миёна ҳисоб мешавад».

Сипас, дар ҷараёни конференсия гузориши илмии дотсент Ниёзбоқиев Сафарбоқӣ Қурбонбоқиевич дар мавзӯи «Шаҳрошуб инъикосгари ҳунарҳои мардумии Сайидои Насафӣ шунида шуд. Ниёзбоқиев С.Қ дар гузориши худ баён намуд, ки: «Сайидо дар авсофи ҳунармандону пешварон ва аҳли бозор дар қолаби муфрадот ва қитъаот дар баҳри рамал чаҳорсаду панҷ байт шеър дорад. Дар ин шеърҳо аз роҳи идҳом ва танз авсофи 212 навъи касбу ҳунар ва ҳомилони онҳоро дар либоси шеър даровардааст. «Шаҳрошуб»-и Сайидо дар мавриди ҳифзи номҳои қадимаи касбу ҳунар бисёр ҷолибу ҷозиб мебошад.

Аз ҷумлаи нахустин ашъори шаҳрошӯб дар адабиёти форсу тоҷик 79 адад муқаттаоти шоири нимаи дуюми асри XI ва аввали асри XII Масъуди Саъди Салмон аст, ки ҳар яке ба тасвири касбу ҳунар ё сифату хислати муайяни инсонӣ бахшида шудааст. Намунаи рубоиёти шаҳрошӯб дар асрҳои XII- XIII дар эҷодиёти Маҳастии Хуҷандӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ низ ба назар мерасад. Асрҳои XV-XVI дар таърихи шаҳрошӯбнависӣ – давраи хеле пурмаҳсул ва авҷу камол маҳсуб мешавад. Дар ин давра силсилаи ғазалҳои шаҳрошӯби Сайфии Бухороӣ ба вуҷуд омадаанд, ки А. Н Болдирев онҳоро намунаҳои хуби ин жанрҳисоб кардааст»

Инчунин, дар конференсия гузориши илмии унвонҷӯи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ АИ ҶТ Холтӯраева Муҳайё Бойназарова дар мавзӯи «Тарғиби илму ҳунар дар эҷодиёти Сайидои Насафӣ» шунида шуд. Холтӯраева М.Б дар гузориши худ иброз дошт, ки: «Дар «Куллиёти осори Сайидои Насафӣ» [5] таҳти унвони «Шаҳрошӯб» 410 байт шеърҳое ворид шудаанд, ки ҳам аз лиҳози вазн ва ҳам аз ҷиҳати қолаби шеърӣ якранг нестанд. Онҳо дар аксари қолабҳои хурдҳаҷми назм аз қабили байт, қитъа, ғазал, маснавӣ ва амсоли онҳо таълиф шуда, ягонагии сохтори онҳоро чун як асари алоҳида мазмун ва ҳадафи шоир-тасвири анвои касбу ҳунар ва ҳунармандон таъмин намудааст.

Аз мутолиаи ашъори шаҳрошӯби Сайидо, ки ба «Куллиёти осор»- и ӯ ворид шудааст, маълум мегардад, ки дар маҷмӯъ 227 касбу ҳунар, машғулият ё сифату хислати инсонӣ тасвир карда шудааст. Дар шеърҳо соҳибони касбу ҳунарҳо шахсони муайян нестанд ва номи ҳеҷ кадоми онҳо зикр нашудааст. Шоир соҳибони касбу ҳунарҳоро бо алфози «дилбар», «нигор», «шӯх», «моҳ», «бут» ва ғайра ном бурда, ба восилаи ҳазлу зарофат касбу ҳунар ё хислату сифати шахсии онҳоро тавсиф менамояд. Сайидо дар ҳар як шеъри худ истилоҳоти хоси касбу ҳунари муайянро истифода мебарад ва хонанда метавонад ба ин васила дар бораи касбу ҳунари тасвиршаванда тасаввурот пайдо кунад».Дар ҷамъбасти конференсия донишҷӯён Гулонов Собир, Ҳусейнова Меҳрона, Сайидова Азиза, Сулаймонов Афроз, Камолов Суҳайлӣ аз ашъори Сайидои Насафӣ шеърҳо қироат намуданд.

Дар музокирарониҳо профессорон Олимҷон Хоҷамуродов ва Қурбон Восеъ андешаҳои худро доир ба маърӯзаҳои дар конференсия шунидашуда ва аҳамияти 400 – солагии Сайидои Насафӣ баён намуда, маърӯзаҳои илмии дар ҷараёни конференсия шунидашударо аз лиҳози мазмун ва аҳамияти онҳо бисёр хуб арзёбӣ намуданд.